Зане,ки дугонаашро фурӯхт

Бино ба иттилои ВКД дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти хариду фурӯши одамон дастгир гардид.

Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда, бо роҳи фиреб ба боварии зани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, бо ваъдаи бо ҷойи кори муносиб таъмин намудан, 15-уми июли соли 2015 ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб бурдааст.
Сипас, дар ин шаҳр ӯро ба истисмори шаҳвонӣ гирифтор намуда, қасдан қарздор кардааст. Гумонбаршуда бо ин роҳ, маблағҳои аз ҷабрдида ба даст овардаашро, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати дастгиршуда тибқи моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *