Зане,ки мушкили садҳо сокини деҳаро ҳал мекунад

Ин зани куҳансол даҳ сол боз ба тозаву коркарди пахта машғул аст. Ҳамарӯза ба дари хонааш даҳҳо нафар корафтода барои тоза кардани пахта меоянд.

Хоним Насимова 77 – сола асту дар яке аз деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Ӯ мушкили ҳамдеҳагони худро осон карда, ба ин васила рӯзгори худро пеш мебарад.

Ин зан пахтаҳои истифодашудаи сокинони деҳаро дубора коркард карда, ба соҳибонаш медиҳад. Дастгоҳи пахтатозакуниро бошад, писаронаш ба ӯ харидорӣ кардаанд.
Хоним Насимова дар ҳавлии зисташ ҷойи махсусро барои фаъолият ҷудо кардааст, дар вақти камкорӣ ба пахтатокунӣ машғул мешавад.

Қаҳрамони мо мегӯяд, ҳарчанд синну солаш ба ҷое расида бошад ҳам, аммо ҳанӯз худро дастёри хона медонад. Гоҳ субҳи барвақт гов меҷӯшаду гоҳ сари танӯру дег медавад. Ба гуфтаи Хоним Насимова, истифодаи дастгоҳи пахтатозакунӣ барояш ҳеҷ мушкил надорад, баръакс, як машғулияту саргармӣ аст.
На ҳамаи сокинони деҳа имкони хариди пахтаи навро доранд. Имрӯз дар бозор 1 килограм пахта 12-15 сомонӣ аст. Холаи Хоним бошад, ба ивази пахтаи тозакардааш аз ҳар килограм 1–сомонӣ ҳаққи хизмат мегирад. Ҳол он ки дар дигар ҷойҳо ба ивази ин кор 2 сомонӣ мегиранд.

Навор:https://www.facebook.com/share/v/2jN8RbMcs8JMysJF/

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *