Занги Озода Раҳмон писаронамро аз зиндон озод кард
Сайёра Холоваро соли 1992 келин кардему аз ҳамон рӯз то ба имрӯз оромӣ дар оилаамон гум шуд. Дар ба дари суду прокурордавӣ хаста шудем.
Сайёра Холоваро соли 1992 келин кардему аз ҳамон рӯз то ба имрӯз оромӣ дар оилаамон гум шуд. Дар ба дари суду прокурордавӣ хаста шудем.
Аз мақомоту беморхона рафтан буду шуди пули бо меҳнати сиёҳ меёфтаамон сарф шуд. Давраи ҷанги шаҳрвандӣ буд, писарамро хононда натавонистам, аммо худам, ки маълумоти олӣ доштам, 53 сол муаллим шуда кор кардам. Барои ҳалли холисона ва қонунии мушкили оилаамон ягон кори накардаам намонд. Аммо ба куҷое, ки аризаву шикоят навиштам, ҷавобҳои қонеъкунанда нагирифтам.
Аз пушти моҷараҳои оилавӣ ва тӯҳматҳои нав ба нави собиқ келинам ду писарам ба маҳбас афтоданд. Келин ба хонаи мо омад, ҷанг шуд. Шикоят кард, ки гӯё писарони ман ба хонааш рафта, ӯро зада бошанд. Бо ҳамин туҳматҳо писаронам 43 рӯз дар маҳбас нишастанд.
Маҳмадёр Турсунов, ки дар экспертизаи тиббӣ-судӣ кор мекард, шоҳиди тамоми мушкилоти оилавии мо буд. Лекин ӯ тарафи келинро гирифту ду писарам ба маҳбас афтоданд.
Як полковник, ки аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Истаравшан омада буд, азобҳои мани 94 — соларо дида, ба қабули Озода Раҳмон, ба Дастгоҳи иҷроияи Президент бурд. Баъди Озода Раҳмон арзамро шунидан ва ҳуҷҷатҳоямро диданаш, аввал ба РВКД-и вилоят, ба мақомоти Прокуратураи вилоят, баъдан ба Суди вилоятӣ занг зад. Хулоса, занги ҳамин зани соҳибвиҷдон сабаб шуд, ки писаронам озод шуданд, аммо дар номашон доғи судӣ афтод.
Ҳамин тавр, писарамро зан додам, келини якумам омада, келини дуюмамро латукӯб кард. Барои ҳимояи ҳуқуқи келини дуюмам ба ҳама ҷо арз кардам, аммо суд-экспертиза маро гӯш накард ва баръакс акнун ба гуфтаи экспертиза ман ва писарам ва келини дуюмам гӯё рафта, келини якумамонро латукӯб карда бошем. Ҳам ҷабр дидему ҳам ҷабрдида шудем. Чаро мо барин мардуми одӣ, ки ягона такягоҳамон шаффофияти қонун аст, чунин ноадолатиҳо вуҷуд дорад?
Келини собиқам ба таги дарвоза омада, келини ҳозираамон-Гулбаҳорро зада, сиёҳу кабуд кард, аммо дар милисахона 7-10 нафар шуда омада, ману писарамро дар пеши чашми кормандони ин сохтор мурданвор кӯфтанд. Сари мани пир кафида хуншор шуд. Писарам сотрессения шуда, то ҳол аз шиддати дарди сар дар беморхонаҳо хоб мекунад. Акнун собиқ келинам-Сайёра хонаҳоямро кашида гирифтааст. Илова бар ин, ба ду фарзанди келин 130 сомонӣ алимент супурда истодаем.
Айни ҳол прокурори шаҳри Истаравшан ба ман мегӯяд, ки агар як хона харида диҳӣ, хонаатро келинат холӣ карда медиҳад. Ба гуфти прокурор розӣ шудам, аммо келин ду пой дар як мӯза ҳамин ҳавлии моро талаб дорад. Вақте кормандони мақомоти прокуратура омаданд, дар чашми беш аз 10 нафар кордро гирифта, ба ман кордкашӣ кард.
Кормандони ин сохтор танҳо ин амалҳоро ба навор тариқи телефон гирифтанду халос. Прокурор Каримзода гуфт, ки “келин бо корд ҳаракат карда бошад ҳам, ба ягон кас осеб нарасидааст ва ин ягон ҷавобгарӣ надорад”. Магар кушад ва захмӣ кунад, баъд кормандон чора меандешанд. Ҳол он ки илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ гуфтаанд.
Судиҷрочӣ як рӯз ба ин хонаи баҳсӣ омада, қулф зада, қоғаз часпонда рафт. Гуфт, ки то ҳалномаи суд баромадан, ба ин хона на ту медароиву на келинат. Аммо баъди се рӯз келинам омада, қулф ва оинаҳоро шикаста, ҳамаи чизро гирифта рафт. Аз соли 2010 ин хона дар номи ман аст ва сертификаташ низ. Аммо келинам нагузошт, ки ман ба хона дароям. Фақат ҳамин қадар пурсиданиям, ки ҳуқуқҳои мани 94 — сола ҳимоя шуда, ҳақиқат рӯи об мебаромада бошад? Ба масъулини мақомот бовар кунам ё на?
Мирраҷаб Тешаев,
иштирокчии ҶБВ,
сокини шаҳраки Дилшод,
ҷ/д Қалъачаи калони шаҳри Истаравшан
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ