Зангирӣ дар маҳбас
Дар паси панҷара ҳам хонадор мешаванд
-Дар маҳбас ҳам зан гирифта мешудааст-ку?! Онҳо аз озодӣ маҳрум гаштаанд, чӣ тавр боз ҳаққи зангирӣ ё шавҳаркунӣ доранд? — ба идораи газета занг зада пурсид ҷавоне, ки худашро Шаҳбоз муаррифӣ кард.
Муовини вазири адлия Х.С. Мисайзод вобаста ба ин масъала гуфт, ки «тибқи талаботи моддаи 36, қисми 8, қонуни ҶТ «Дар бораи ба қайдгирии давлатии ҳолати асноди ҳолати шаҳрвандӣ» никоҳ миёни маҳбусон иҷозат дода шудааст. Агар дар соли 2015 шумораи маҳбусон зандоршуда 125 ҳолат бошад, пас дар 9 моҳи соли равон он ба108 ҳолат расидааст.
То ҷое мо огаҳӣ пайдо кардем, никоҳ бевосита бо ширкати мулло ва намояндаи идораи давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ-ЗАГС сурат мегирад. Дар байни маҳбусон одамони поксиришту тасодуфан ҷиноят содиркарда кам нестанд. Фақат як чиз боиси нигаронист, ки оё онҳое, ки дар маҳбас бо зане аз тариқи телефон «ошиқ» шудаву хонадор мешаванду соҳиби фарзанд мегарданд, дар оянда барои солим нигоҳ доштани оила коре мекунанд? Мисолҳое кам нестанд, ки падарон духтари худро ба никоҳи маҳбусе даровардаанд. Ҳангоми омода сохтани ин мавод нафаре аз ҳамкоронамон гуфт, ки як зани шиносам ба маҳбусе ба шавҳар баромад, вале баъди се моҳи аз маҳбас баромадан он ҷавонмард ҳамсари худро талоқ дода, ӯро миёнаи роҳ кард.
… Сарвиноз телефони Мирзоро (номҳо шартӣ ҳастанд), ки дар маҳбас менишаст, аз дугонааш гирифт. Онҳо ба ҳам робитаи телефонӣ доштанд ва бо ҳам ақди никоҳ баста хонадор шуданд. Вақте ки Мирзо аз маҳбас озод шуд, онҳо аллакай соҳиби духтарча шуда буданд. Муддате нагузашта, Мирзо боз ҷиноят содир кардаву равонаи маҳбас гашт. Сарвиноз боз миёни роҳ монд. Саргузашти Шамъигул ва Сарвиноз монанд аст. Ӯ як сол пеш бо маҳбусе дар яке аз маҳбасҳои Тоҷикистон хонадор шуд. Духтар хуб медонист, ки шавҳаршавандааш дар маҳбас асту барои озод шуданаш 8-соли дигар бояд раҳпоӣ кунад.
— Муддати хеле зиёд бо ҳам суҳбат мекардем. Баъдтар огоҳ шудам, ки ӯ дар маҳбас аст, бо ҳам унс гирифта будем, ман худам ба наздаш рафтам ва никоҳи мусалмонӣ кардем, — гуфт Шамъигул.
Аввал, муносибати зан бо шавҳараш хуб буд, ҳайратовараш ҳамин аст, ки пайвандонаш аз ин иқдоми онҳо бохабар нестанд. Ҳамаи ин бо дастури шавҳараш сурат гирифтааст. Ӯ Ҳатто хоҳиш кардааст, ки то як муддати муайян ин сирро махфӣ нигоҳ доранд ва падару модари духтар низ аз ин кор бояд хабардор нашаванд. Ин хоҳиши мард ба чӣ хотир аст, саволҳои зиёдеро ба миён меорад. Шояд ӯ зану фарзанд дошта бошаду бо Шамъигул барои зиндагии муваққатӣ ақди никоњӣ мусулмонӣ баста бошад? Никоҳи махфӣ Шамъигулро рӯзҳои охир ба ташвиш овардааст.
Кадом омилҳо боиси ба маҳбусон рӯ овардани занҳо мешаванд? Яке аз ин омилҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани мардон аст, ки дар кишвари мо шумораи занҳо зиёду мардон кам шудаанд. Аксари ҷавонон ба Федератсияи Россия барои пул коркунӣ рафта, дар ҳамон ҷо хонадор шудаву дигар ёди ёру диёр намекунанд. Аммо занҳо бояд шавҳар кунанд ва онҳо бахти худро дар симои маҳбусон мебинанд. Шояд роҳҳои дигаре ҳастанд, ки занҳо барои ҷустуҷӯи мард ба маҳбас рӯ наоранд.
Иззатбеки Идизод,
«Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ