Зани ҷавону шуи пир,  тобута мону мурдая гир….

4-уми июни соли 2018, тахминан соатҳои 12:00, аз заминҳои деҳаи Гулшани ноҳияи Фархор ҷасади марди 78-солаи сокини деҳаи Гулшан, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ҳамсари мӯйсафед, зани 31-солаи сокини деҳаи мазкур, ки пеш бо моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 3-юми июни соли 2018, тахминан соати 12:30-дақиқа, дар заминҳои канори ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо шавҳараш ҷангу ҷанҷол карда, бо мушту лағат якчанд маротиба ба пушти сараш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *