Зани Азимҷон Аскаров ба СММ шикоят кард

Хадича Аскарова, ҳамсари ҳомии ҳуқуқи қирғиз Азимҷон Аскарова ба кумитаи табъизи нажодии СММ муроҷиат кард. Ҳафтаи гузашта вай дар яке аз ҷаласаҳои СММ суханронӣ кард.

Вай гуфт, аз ҳодисаҳои моҳи апрели соли 2010 ҳашт сол сипарӣ шудааст ва фурсати кофӣ дар ихтиёр буд, ки он ҳодисаҳо одилона ва бе эҳсосот баррасӣ шаванд. «Замоне фаро расид, ки бояд иштибоҳҳо эътироф ва ислоҳ шаванд. Аз ҳамаи шумо дархост мекунам, дар барқарории адолат нисбати шавҳари ман ва даҳҳо одами дигар, ки бо айбҳои сохта зиндонӣ шудаанд, кумак расонед», — гуфт Хадича Аскарова.

Вай ҳамчунин як моҳ пеш ба президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков муроҷиат карда буд. Вай аз президент дархост карда буд, ки парвандаи шавҳараш ва ҳафт тани дигарро, ки ҳамроҳ бо шавҳари вай зиндонӣ шудаанд, ба ташхис фиристад. Хадича аз президент хост, ки шавҳараш авф шавад.

Аскаров бо айби ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар моҳи апрели соли 2010 ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи СММ дар гузашта хоста буд, Аскаров озод карда шавад.

Ибтидои соли 2017 парвандаи Аскаров дар додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон бозбинӣ, аммо ҳукм бе тағйир боқӣ гузошта шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *