Зани бачакуш 25 сол гирифт

Суд ӯро дар қатли бераҳмонаи 4 фарзанди хурдсолаш гунаҳкор шинохт.

Суди вилояти Хатлон сокини 30-солаи ноҳияи Кушониён Назокатхон Тоироваро ба 25 соли зиндон маҳкум кард.
Суд ӯро дар қатли бераҳмонаи 4 фарзанди хурдсолаш гунаҳкор шинохт. Бино ба хулосаи тафтишот ва суд, Назокатхон Тоирова рӯзи 9 сентябр дасту пои 4 фарзанди 9,8, 6 ва 1-солаашро баста, ба сарашон селофан кашидааст. Кӯдакон дар натиҷаи нафасгир шудан ҷон бохтаанд. Тоирова баъди қатли кӯдакон хонаро бо санадҳояш оташ зада, сипас 10 ҳаб(таблетка)-и димедрол (доруи хоб) хӯрдааст, вале хона тасодуфан дар нагирифт ва Тоирова низ баъди чанде ба ҳуш омада, ба шуъбаи милиса рафтааст ва худро таслим кардааст.
Адвокати ӯ аз суд тақозо кард, ки Назокатхон Тоироваро дубора аз ташхиси равонӣ гузаронд, вале судя гуфт, ки чунин ташхис дар марҳалаи тафтишот анҷом шуда буд ва Тоироваро солим баровард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *