Зани фарзандкуш лоиқи чанд сол зиндон аст? 

Мувофиқи иттилоъи манбаъҳо, дар Истаравшан як ҷавонзани 22-сола бо гуноҳи  қатли кӯдаки навзодаш дастгир шудааст. Ба гуфтаи мақомот, ин зан шаби 5 январ дар хонааш духтар таваллуд кардааст, вале аз азбаски шавҳар надошт, кӯдакро дар рӯи фарши ҳаммом мепартояд. Тифли навзод дар он шаби сарди зимистон рӯи фарши ҳаммом ба ҳалокат расидааст.

Ба зидди модари бешафқат ҳоло бар асоси моддаи 105-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми «кӯдаки худро куштани модар” парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ин зан бар асоси ин банди қонун то 5 сол маҳдуд кардани озодӣ ва ё то 3 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Ҷомеаи суннатӣ ва муҳофизакори Тоҷикистон фарзандони беникоҳ таваллудшударо қабул надорад ва модару фарзанд дар чунин сурат мавриди маҳкумият қарор мегиранд. Ин бисёре аз занҳоеро, ки бе никоҳ ҳомила шудаанд, маҷбур мекунад, бо ҳар роҳ аз фарзанди дилнохоҳ халос шаванд. Бархе кӯдаки худро ба ятимхона ваё ба ягон оилаи бефарзанд медиҳанд, вале бархе мисли ин ҷавонзан бо ҳадафи халосӣ аз гапи мардум даст ба куштори тифлони навзодашон мезананд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *