Зани хуҷандӣ дар шаби ид худро ба дарё андохт

Як зани 39-солаи сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 26 июн, дар рӯзи иди Фитро худро аз болои кӯпруки Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир андохтааст. Ҷасади ӯро рӯзи 27 июн аз ҳудуди «Вододром»-и Хуҷанд пайдо кардаанд.

Бино ба гузориши ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд, ин ҳодиса шаби душанбе, соати тақрибан 21:30 рух додааст.

Ҳоло мақомот ба тафтиши сабабҳои худкушии ин зан ва он ҳам дар рӯзи ид шурӯъ кардаанд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 400 нафар, аксаран занон, ба иллатҳои мухталиф қасди ҷони худ мекунанд. Беш аз нисфи ин худкушиҳо дар вилояти Суғд сабт мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *