Зани муборизе, ки дарду ғамро бо ханда мекушад

Ҳафтаи равон яке аз зеботарин бонувони саҳнаи ҳунари тоҷик, раққосаи моҳир ва сарояндаи хушовоз Ширинмоҳ Ниҳолова ҷашни милод дорад. Синну солаш ба ҷое расида бошад ҳам, ин зани фариштахисол то ҳол ҷавон, зебо ва ба мисли ғунчаи гул пуртароват менамояд.

Лабони ҳамеша ба табассум моил ва чеҳраи хандони Ширинмоҳ Ниҳоловаро дида, кас гумон мекунад, ки гарди ғам ба давраш нагаштааст, вале дар асл ин зани мубориз дар зиндагӣ ғаму дард ва фоҷиаҳои зиёдеро пушти сар намудааст. Аммо Ширинмоҳ Ниҳолова иродаи оҳанин дорад ва новобаста ба ҳама печутобҳои сарнавишташ ҳеҷ гоҳ умеди худро аз даст надодааст. Ин зани қавиирода ҳамеша кӯшиш мекунад, ки ғамро бо ханда кушта, ба атрофиёнаш шодию хурсандӣ ҳадя намояд…

Ситорачаи хурдакак

Ширинмоҳ Ниҳолова 26-ноябри соли 1961 дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст. Падараш Хуршед Алидод яке аз сарояндагони хеле маъруфи замони шӯравӣ буд. Меҳри ҳунар ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар раги ҷонаш шараён дошт ва ҳамин буд, ки Ширинмоҳ хеле барвақт ҳаёти худро бо санъат пайваст.

Ба вақти рақси мавзунат…

Шаринмоҳ волаю шайдои рақс буд ва чунон бо эҳсос мерақсид, ки замину замон дар зери қадамаш гӯё ба рақс меомад. Ин нозанини пурҳунар бо чеҳраи малакутӣ, қомати чун сарви хиромон зебо ва рақси мавзунаш ба маҳтобе мемонд, ки ситораҳо дар гирдаш давр мезананд. Рақси сеҳрангези Ширинмоҳ тамошобинонро афсун карда, мисраъҳои безаволи шоири ширинкаломи тоҷик, устод Мирзо Турсунзодаро ба ёд меовард:

Ба вақти рақси мавзунат, ба чашмони пурафсунат,

Кабӯтар дар ҳаво, оҳу ба саҳро гашта Маҷнунат…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *