Зани ҳомила: ҳамхобагӣ зарар дорад ё фоида?

Тифли батнам 4 — моҳа шуд. Занҳои ҳамсоя мегӯянд, ки то таваллуди кӯдак набояд бо шавҳар ҳамхобагӣ кард. Оё ин ҳақиқат дорад?
Фарзона Азизова, сокини н. Рӯдакӣ

Ба ин саволи хонанда Нодира Маҳмудова, акушер-гинеколог, духтури дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии ҶТ чунин посух гуфт:

-Дар ин маврид ду андеша вуҷуд дорад. Якум, набояд, ки зан ҳамхобагӣ кунад, зеро он барои тифли оянда хатарзо мебошад. Дигар гурӯҳи одамон андешаи мусбат доранд. Яъне, барои васеъ шудани роҳҳои таваллуд муфид мебошад.
Андешаи якумро метавон дастгирӣ кард, зеро дар се моҳи аввали давраи ҳомиладорӣ, ҳиссиёти ногуворро дар пистонҳояш дида, ҳолати рӯҳияшон тез-тез тағйир меёбад. Вақте ҷанин инкишоф меёбад, шикам калон шудан мегирад, ки на танҳо барои анҷоми кору бори хона, ҳатто роҳгардӣ мушкил мешавад.
Муносибати маҳрамона барои тифли оянда бехатар буда, дар ҳама ҳолат бо тавсияи духтурон мебояд амал кард.

Чаро муносибати маҳрамонаро манъ мекунанд?
Агар хатари афтодани ҷанинро табибон муайян карда бошанд, дар ин сурат муносибати маҳрамона ба занҳои ҳомила манъ карда мешавад, зеро дар ин ҳолат зоиши бармаҳал имконпазир аст. Ё ин ки зан баъди хонадорӣ хунобча бинад, мард гирифтори замбурӯғи (герпес) шадиди узвҳои ҷинсӣ бошад, дар чунин ҳолатҳо ба ҳомиладорон алоқаи ҷинсӣ тавсия дода намешавад. Дар ин ҳолат кӯшиш намоед, ки шикамро зер накунед. Дар маҷмӯъ гӯем, зани хомиладор бояд тавре ҳамхобагӣ кунад, ки барояш мувофиқ ва бедард бошад.
Лозим ба ёдоварист, ки муносибати маҳрамона ҳам дар зан ва ҳам дар мард ҳормони эндорфин хориҷ мешавад. Номи дигари ин ҳормон, ҳормони хушбахтист, ки аз модар ба ҷанин таъсири мусбат расонида, ҳолати болидарӯҳиро эҳсос мекунад. Ин ҳолати ҷанин барои модарон аз ҳамаи чиз болову зарур аст.
Умуман, ҳамхоба шудан бо шавҳарро дар ҳар маврид духтури акушер — гинеколог ба таври индивидуалӣ, бо назардошти саломативу вазъи ҷанини дар батнбуда муайян месозад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *