Зани солхурда барои танфурӯшии хоҳараш шароит муҳайё кард

Зани 64-солаи сокини кӯчаи Коммунизми шаҳри Истаравшан барои шароит муҳайё намудан дар шароити хона барои фоҳишагии хоҳараш бо мардон аз тарафи мақомоти милитсия дастгир карда шуд. Дар ин бора ВКД хабар медиҳад.

 Гуфта мешавад, ки номбурда, санаи 10-уми марти соли 2020, тахминан соати 09:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, хоҳараш, зани 35-солаи сокини ҳамон ҷоро бо марди 33-солаи сокини шаҳри Кӯлоб шинос карда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 39-солаи сокини кӯчаи Ш.Руставелии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 15-уми марти соли 2020, тахминан соати 10:00, дар хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Бухорои пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 32-сола ва ҷавонзани 24-солаи сокинони пойтахт шароит фароҳам оварда, аз онҳо 250-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамзамон гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ санаи 17-уми феврали соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа, дар хонаи мазкур барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 34-сола ва ҷавонзани 22-солаи сокинони шаҳри Душанбе шароит фароҳам оварда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамин тариқ, номбурда санаи 17-уми феврали соли 2020, тахминан соати 19:05-дақиқа, дар хонаи зикргардида барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 29-сола ва ҷавонзани 23-солаи сокинони ҳамин шаҳр шароит фароҳам оварда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *