Зани тоҷик дар садамае дар Русия ҷон бохт

Дар хиёбони Кутузови шаҳри Маскав се мошин ба ҳам бархӯрданд, ки дар натиҷа ду нафар ҳалок шуда ва 5 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Дар хиёбони Кутузови шаҳри Маскав се мошин ба ҳам бархӯрданд, ки дар натиҷа ду нафар ҳалок шуда ва 5 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ба навиштаи нашрияи “Комсомолская правда”, ин ҳодиса рӯзи 2 июл рух дода ва аз рӯи тафтишоти муқаддамотӣ ронандаи автомашинаи KIA, Мадинаи 35-сола, шаҳрванди Тоҷикистон қонуни ҳаракати роҳро вайрон карда ва ба самти муқобили ҳаракат баромадааст.

Ин нашрия навиштааст, ки ба ҳангоми садама дар курсии ақиби мошини Мадина 3 духтари 6, 11 ва 13-солааш нишаста буданд ва онҳо захмӣ шудаанд.

Мадина аз соли 2009 дар Русия зиндагӣ карда ва ба ҳайси табиб-лаборант фаъолият доштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *