Зани тоҷик худашро зери қатора партофт
Як зани 46-сола аз Тоҷикистон зери чархи қатораи мусофиркаши хатсайри “Саратов-Маскав” ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин ҳодиса дар назди истгоҳи “Нижние Котли”-и Повелетская замоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки зан мехост ҳамроҳи духтараш роҳи оҳанро убур кунад. Ба иттилои манбаъ, модару духтар аз чизе сахт рущафтода буданд ва мисле, ки қасд ба ҷонашон доштагӣ барин роҳро аз ҷойи номуносиб мегузаранд ва ба “сигнал”-и ронанда аҳамият надодаанд. Ба гуфтаи духтараш вақте садои сигнали қатора ба гӯшамон расид, модарам дастамро ҷафс намуда маро раҳо кардан намехост вале ҷонам ширинӣ карду дар лаҳзаҳои охир худро аз дасти модарам канда, дур шудам. Баъд аз гузашти қатора нишона аз модарам танҳо қатраҳои хун ва як пояфзоли росташ боқӣ мондаасту халос.
Расонаҳои хабарӣ мегӯянд, ки духтари ин зан дар ҳолати шок қарор дорад ва аз чунин ҳодисаи рухдода сахт руҳафтода аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ