Зани тоҷикро аз асорати шайхи араб раҳо карданд
Нурбибӣ Мансурова, як модари соҳиби 15 фарзанд аз ноҳияи Восеъ, ки 14 моҳ дар Арабистони Саудӣ дар шароити ғуломӣ қарор дошт, рӯзи 4 октябр аз асорат озод карда шуд ва ба зудӣ ба Тоҷикистон фиристода мешавад. Нурбибӣ Мансурова барои раҳоияш аз сафорати Тоҷикистон, сомонаи «Ахбор” ва тамоми онҳое, ки аз вай ҳимоят мекарданд, изҳори сипос кард.
Нурбибӣ Мансурова, як зани модари 15 фарзанд аз ноҳияи Восеъ, ки қазияи ғуломиаш дар Арабистони Саудӣ ахиран тавассути сомонаи «Ахбор” ошкор шуд, рӯзи 4 октябр бо кумаки Саидҷон – намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Саудӣ аз асорати корфармояш раҳо карда шуд.
Нурбибӣ Мансурова ҳоло дар ҷои амн қарор дорад ва бояд аз инҷо ба шаҳри Дубай ва аз Дубай то ду рӯзи дигар ба Тоҷикистон фиристода шавад. Ӯ бо ирсоли акси шиносномааш тасдиқ кард, ки корфармои араб шиносномаашро низ баргардондааст.
Нурбибӣ Мансурова, ки ашки шодиашро баъди беш аз як соли асорат нигоҳ дошта наметавонист, дар як тамоси кӯтоҳ бо сомонаи «Ахбор” ба намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, ба сомонаи «Ахбор” ва ҳамаи он ҳамватаноне, ки аз вай пуштибонӣ карданд, изҳори миннатдорӣ кард ва гуфт, ҳеҷ гоҳ ин кумаки холисонаро фаромӯш намекунад.
Сомонаи «Ахбор” ҳафтаи гузашта бо нашри чанд видео аз шароити сахте, ки ин модари тоҷик дар Арабистони Саудӣ гирифтор шудааст, хабар дода буд.
Нурбибӣ Мансурова занест, ки соли гузашта дар матбуоти Тоҷикистон ва хориҷӣ дар борааш ҳамчун модари серфарзанд як силсила мақолаҳо ба табъ расид. Ин зан 24 фарзанд таваллуд кардааст, ки аз онҳо 15 нафараш дар қайди ҳаётанд.
Зарурати таъмини рӯзгори шоиста барои фарзандонаш Нурбибӣ Мансуроваро маҷбур кард, ки роҳи муҳоҷират ба Арабистони Саудиро пеш бигирад, вале ба доми фиреб афтод.
https://www.youtube.com/watch?v=uvHhyIEYsvU
Нурбибӣ Мансурова мегӯяд, соли 2016 ба воситаи Ҳоҷӣ Искандар ном миёнараве ба доми ширкати «Имкон -2015” афтода, ба Арабистони Саудӣ фиристода шуд. Раиси ширкат Саидаҳмад Сангов ба Нурбибӣ гуфтааст, ки дар Арабистон зани пиреро парасторӣ мекунӣ ва ҳар моҳ 600 доллар маош хоҳӣ гирифт ва ҳар се моҳ метавонӣ як бор ба Ватан биоӣ. Ҳамчунин ба вай ваъда додаанд, ки баъди ду соли кор, тибқи қарордод, харҷи сафари Ҳаҷро ҳам барояш пардохт мекунанд.
Нурбибӣ мегӯяд, бехабар аз ин ки ин як ширкати одамфурӯшист, қарордодро имзо кард, вале вақте ба Арабистони Саудӣ омад, ӯро барои хидматгорӣ ба хонаи як араб супурданд. Корфармо аз рӯзи аввал муқаррароти бо Нурбибӣ имзошударо поймол мекунад ва ин зани тоҷикро ба мисли як ғулом кор мефармояд.
Нурбибӣ мегӯяд, чанд бор аз Арабистони Саудӣ ба раиси ширкати «Имкон-2015” занг зад, вале телефони Сангов ҳамеша хомӯш буд.
Нашри видеоҳои аввали Нурбибӣ Мансурова мавҷи вокунишҳоро ба бор овард. Бисёриҳо нисбат ба ин модари тоҷик изҳори дилсӯзӣ ва пешниҳоди кумак мекарданд, вале бархе худи ӯро гунаҳкор кардаанд, ки барои чӣ хеста, ба Арабистон рафтааст?
Нурбибӣ Мансурова дар посух ба ин таънаву маломатҳо видеои наверо фиристод ва гуфт, зиндагӣ маҷбураш карду зӯраш омад, ки хеста ба инҷо омад. Ӯ дар ин видео як даста мӯи сарашро, ки ба гуфтаи вай, корфармоён аз сараш кандаанд, нишон дод ва аз онҳое, ки ба тарафаш санг партофтанд, хоҳиш кард, то таънаву маломаташ накунанд: «Бародарони азиз! Маро дашном накунед. Ман дурӯғ намегӯям. Ин мӯи сари кандагиашон аст. Дар сарам мӯ намондааст. Калам карданд, ҳамаро канданд, гирифтанд. Ҳақорат накунед. Ман фанд хӯрдам. Ман гуфтам, духтару бачаамро бихононам, одам шаванд. Ман рӯзи пастиамро фикр кардам, омадам инҷо.”
https://www.youtube.com/watch?v=tFp0mrVSJh8
Бино ба хабарҳо, танҳо тавассути ширкати «Имкон-2015” 38 зани тоҷик ба Арабистон барои кор фиристода шудаанд. Бисёрии онҳо айни аҳволи Нурбибиро доранд.
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 25 сентябр хабар дод, ки ба зидди се ширкат —ҶДММ«Абдулкарим» воқеъ дар шаҳри Душанбе ноҳияи Фирдавсӣ 15/1, «Ҷамол-2012» воқеъ дар суроғаишаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев 21/7 ва «Имкон-2015» воқеъ дар суроғаиноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Гулпарвар— бар асоси бандҳои «г” ва «ё”—и қисмидуюми моддаи 130-юми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми харидуфурӯши инсон парвандаиҷиноятӣ оғоз кардааст.
Нурбибӣ Мансурова ҳоло аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш дорад, ки барои раҳоияш аз инасорат дасти кумак дароз кунад.
Сомонаи «Ахбор” ба кормандони сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ барои талошҳояш барои раҳоии ин модари тоҷик изҳори сипос мекунад.
Бознашр аз сомонаи Ахбор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ