Зани тоҷикро дар Маскав бо корд заданд
Як зани 32-сола аз Тоҷикистон, ки дар бозори “Садовод” билети ҳавопаймо мефурӯхт, ҳангоми муноқиша бо муштариёни норозӣ корд хӯрдааст.
Гуфта мешавад, аз ин зан ҳамчун Муҳайёхон Х. ном бурда шуда, рӯзи шанбе, 10 декабр, 6-7 нафар, ки бо билетҳои аз дӯкони Муҳайёхон харидаашон натавонистаанд, парвоз кунанд, вориди ин нуқтаи билетфурӯшӣ шуда, бо талаби баргардони пулашон бо ӯ муноқиша кардаанд.
Муҳайёхон ба даст корд гирифта, таҳдид кардааст, ки тарки дӯкон кунанд, вагарна худашро корд хоҳад зад. Ҳангоми часпуталоши байни фурӯшанда ва муштариёни норозӣ корд ба шиками Муҳайёхон расидааст.
Муштариёни норозӣ баъди чунин ранг гирифтани ҳол тарки дафтар кардаанд ва худи фурӯшандаро бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба бемористон бурдаанд. Пулис афроди гумонбар дар ин ҳодисаро ҷустуҷӯ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ