Занкӯш 19 –сол паси панҷараи маҳбасро гирифт

Суди вилояти Суғд сокини шаҳри Истаравшанро барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш ба 19 соли маҳбас маҳкум кард.

 «Сокини 43-солаи шаҳри Истаравшан Ҳасан Муминов дар қатли ҳамсари худ — модари ду кӯдаки ноболиғ гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) ҳукм содир шуд», — хабар доданд аз суди вилоят.

Зимнан зикр гардид, ки маҳкумшуда моҳи августи соли 2016 дар заминаи рашк бо ҳамсараш ҷанҷолу муноқиша карда, ба ӯ бо корд 7 зарба мезанад, ки дар натиҷа зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *