Занон мардонро шиканҷа медиҳанд

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 250 мард мавриди хушунати занон қарор гирифтанд.

 Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Номбурда зикр кард, ки тибқи омори Вазорати корҳои дохилӣ, шумораи умумии муроҷиати шаҳрвандон оид ба зӯроварӣ ё хушунат 1 ҳазору 523 нафарро ташкил медиҳад. Бештари шикоятҳо (1273) аз заноне будааст, ки нисбати онҳо аз ҷониби мардон зӯроварии оилавӣ истифода шудааст.

Далелҳои шикоят дар бораи зӯроварӣ дар оила нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳамагӣ 9 ҳолат кам шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, дар марказҳои иттилоотии ноҳияҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр 478 мавриди зӯроварӣ дар оила ба қайд гирифта шудааст.

«Бо мақсади ҳалли ин мушкил аз ҷониби кумита як қатор чорабиниҳои пешгирикунанда ва суҳбатҳо бо оилаҳо ва ҳамсоягони онҳо гузаронида мешавад, то барои ҳамаҷониба омӯхтани мушкилот ва наҷоти оилаҳо мусоидат намояд»,- гуфт раиси кумита.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *