Занон намози таровеҳ мехонанд? Посухи Ҳоҷӣ Мирзо
Оё занон намози таровеҳ мехонанд? Таровеҳи занҳо аз мардон чӣ фарқ дорад?
Ба ин суолҳои Дилбар ном сокини ноҳияи Масчоҳ руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо чунин посух додааст:
— Занҳо ҳам 20 ракаъат намози таровеҳ мехонанд. Фарқият танҳо дар он аст, ки имоми занҳо дар мобайн меистад.
Ҳамчунин, Ҳоҷӣ Мирзо ба шахсоне, ки 11 моҳ намоз намехонанду дар моҳи Рамазон намозхон мешаванд чунин тавсия медиҳад:
— Ба шарофати моҳи шарифи Рамазон бетавфиқтарин одам ҳам рӯй ба намоз меорад ва ба масҷид меравад. Шахсе, ки дар ин моҳ дар дилаш хоҳиши ба масҷид рафтан пайдо мешавад, бигзор равад. Худо дар дили бандааш меҳр меандозаду аз пайи саҷдаву намоз мегардад.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ