Занозании мактабачагон бо марг анҷомид
Марги наврас дар натиҷаи занозании гуруҳӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ дар шаҳри Шалкари вилояти Оқтеппаи Қазоқистон бо моддаи куштор таҳқиқ мешавад.
Арон Абилов, додситони ноҳияи Шалкар 28 январ гуфт, бо моддаи «Куштор» парванда боз шудааст. Ҳодисаи марги наврас ҳафтаи гузашта рух дод.
Занозанӣ байни хонандагони ду мактаби ноҳияи мазкур сар зад. Дар натиҷаи ин занозанӣ як хонандаи синфи 10 кушта шуд.
Ба гуфтаи табибон, афроди ношинос навраси маҷруҳро назди беморхона гузошта, фирор кардаанд. Табибон ӯро ба дохили беморхона бурданд. Наврас баъди 15 дақиқаи расидан ба беморхона вафот кардааст.
Мақомот мегӯянд, дар робита ба ин ҳодиса як наврас боздошт ва чанди тани дигар бозпурсӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ