Занони соҳибкор аз вилояти Хатлон ба Суғд рафтанд
Дар доираи сафари омӯзишии занони соҳибкори вилояти Хатлон ба вилояти Суғд бо мақсади омӯзиши таҷрибаи ширкату корхонаҳо дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд вохӯрӣ доир гардид.
Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, вохӯриро раҳбари ин муассиса Муҳамедҷонов Муҳаммадҷон Султонович ифтитоҳ намуда, ба меҳмонон оид ба фаъолияти палата маълумоти муфассал дода, қайд намудааст, ки Палатаи савдо ва саноат ҳамеша мусоидати худро оид ба таъмин намудани иштироки ширкатҳои ватанӣ дар кори намоишгоҳҳои хориҷӣ ҷиҳати муаррифӣ намудани молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мерасонаду дар ин самт корбарӣ менамояд.
Дар вохӯрӣ муовини раҳбари Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Шараф Сангов ва сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов иштирок ва баромад намудаанд.
Дар ин вохӯрӣ соҳибкорзанони вилояти Суғд, аъзои Палатаи савдо ва саноат, роҳбарони ҶДММ “Озара” ва ҶДММ “Мунир” интирок намуда, оид ба фаъолияти худ ва дастовардҳояшон ба занони соҳибкори вилояти Хатлон маълумоти муфид пешниҳод кардаанд.
— Сафари омӯзишии занони соҳибкори вилояти Хатлон ба вилояти Суғд то 4-уми март идома ёфта, занони соҳибкори вилояти Хатлон аз Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, корхонаҳои “Ариана металл пласт”, “Нексигол навовар”, “Порсои Хуҷанд”, “Меваи тиллоӣ”, “Исфарафуд”, “Оби Зулол” ва мавзеҳои сайёҳиву таърихии вилоят дидан менамоянд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ