Занони яроқбадаст ва ё Занон мардона ҷанг мераванд!
Амалҳои ношоистаи Толибон ва таъзиқу фишорҳо ба аҳолии осоишта, онҳоро водор кард, ки хонаву дари худро партофта ба гурезагӣ рӯ биёранд. Ва аммо дар ҳамин раванд даҳҳо занони мардсифату шуҷоъи вилояти Гори ин сарзамин яроқ ба даст гирифта барои ҳимояши шаъну шараф ва ормонҳои миллияшон бар зидди Толибон бархестаанд.
Имрӯз дар сарзамини бародарони афғон нооромии риқатовар ба миён омадааст. Ва он тамоми аҳолии ин сарзамини ҷангзадаро нигарон кардаст, ки оқибати ин кишвар чӣ мешуда бошад? Қисмати миллату халқиятҳои он чи гуна хоҳад буд?
Дар тӯли 20 соле, ки Амрико бо дағдағаю виқор барои пойдории сулҳ ба ин кишвар сар халонд, ҳич натиҷаи дилхоҳе ба бор наовард. Ноумед гашту ин сарзаминро ба дасти Толибон дода худ “фирор” кард.
Яъне он ҳама иддаои он ки Амрико хостгори сулҳ дар ин сарзамин аст билкул ботил баромаду дар муқовимат бо Толибон истодагариро аз даст дод. Ва боз кӣ медонад? Шояд ин боз ягон найранги амрикоист, ки бо вогузоштани ин кишвар ба дасти Толибон нақшаҳои хунини дигари худро дар ҷойи дигаре пиёда созад.
Пас аз хуруҷи армияи Амрико Толибони худхоҳу хунхӯр бо амалҳои нангини худ даст заданд ва ин сарзаминро ба коми оташи тиру туп даркашиданд.
Занон қотеъона талаб доранд, агар Толибон бо онҳо сари мизи гуфтушӯнид нашинанд, бар зиддашон меҷанганд.
Ин занон дар гирдиҳамоии эътирозие дар шаҳри Фирӯзкӯҳ иброз доштанд, ки дигар тавони он ҳама зулму таъадии Толибонро надоранд ва дигар иҷозат намедиҳанд, ки он чи дар гузашта Толибон ба сари занони афғон оварданд, аз нав такрор шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ