Занону кӯдакони ӯзбекистонӣ аз Ховари Миёна ба ватан бозгаштанд

Дар доираи амалиёти “Меҳр”-и ҳукумати Ӯзбекистон 156 нафар занону кӯдакони ӯзбек дар моҳи мубораки Рамазон аз минтақаи ноороми Ховари Миёна ба ватан бозгардонда шуданд.

Дар доираи амалиёти “Меҳр”-и ҳукумати Ӯзбекистон 156 нафар занону кӯдакони ӯзбек дар моҳи мубораки Рамазон  аз минтақаи ноороми Ховари Миёна ба ватан бозгардонда шуданд.

Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Президенти Ӯзбекистон, субҳи имрӯз, 30 май онҳо тавассути парвози мустақими ҳавопаймо ба фурудгоҳи шаҳри Тошканд расиданд.

Бар асоси хабари ин манбаъ, занону кӯдакон бо роҳҳои фиреб ба Ховари Миёна рафта, душвориҳои сахт ва ҳаёти пурхатарро пушти сар кардаанд.

Ҳоло ниҳодҳои давлатии Ӯзбекистон ба занону кӯадкони бозгашта кумаккҳои тиббӣ, равонӣ, моддӣ ва маънавӣ мерасонанд.

Ҳамчунин, ба дастури ҳукумати Ӯзбекистон онҳо бо манзил, кор ва таҳсил таъмин хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *