Занозании як гуруҳ ҷавонон дар Душанбе (видео)

Ҳафтаи сипаришуда як нафар сокини шаҳри Душанбе навори муноқишаи як гурӯҳ ҷавононро тавассути саҳифаи иҷтимоии Фейсбук ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намуда, дархост намуд, то нисбати нафарони қонуншикан чораҳои таъсирасони қонунӣ андешида шавад.

Дар натиҷаи санҷиши муроҷиати мазкур муайян карда шуд, ки санаи 5-уми апрели соли ҷорӣ як гурӯҳ ҷавонон дар ҳолати мастӣ дар назди қаҳвахонаи «Шабнаб» воқеъ дар кӯчаи С. Шерозии шаҳри Душанбе нисбати якдигар дашномҳои қабеҳ ва муноқиша намудаанд. Ҳамзамон ба эроди атрофиён беэътиноӣ намуда, бо содир намудани ин кирдори зиддиҷамъиятиашон нисбати шаҳрвандону атрофиён беэҳтиромӣ зоҳир намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.
  Дар натиҷаи пешбурди маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандони зерин боздошт гардиданд:

Комрони Шодмон соли таваллудаш 03.03.1990 истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб кӯчаи С. Сафаров хонаи 33; Назриев Комил

Абдулазизович соли таваллудаш 12.04.1991 истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб ҷамоъати Сафар Амиршоев деҳаи Мирапок;Юсуфов

Алиҷон Исуфович соли таваллудаш 11. 01. 1981 истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ ҷамоъати Х. Раҷабов деҳаи Дарнайчӣ;Муродов Сафар

Мирзохонович соли таваллудаш 30.05.1975 истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб ҷамоъати С. Амиршоев деҳаи Гултеппа;Қурбонов


Умедҷон Тошболтаевич соли таваллудаш 03.02.1985 истиқоматкунанади ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ кӯчаи Лоҳутӣ хонаи 4;

  Зимни пурсиш маълум гардид, ки дар ҳақиқат номбурдагон дар назди мавзеи мазкур аз сабаби нофаҳмиҳои ночиз байни ҳамдигар муноқиша намуда, осоиштагии шаҳрвандонро халалдор сохта, бо алфози қабеҳ ҳамдигарро дар ҷои ҷамъиятӣ таҳқиру дашном намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд.
  Дар натиҷа аз ҷониби кормандони милитсия кирдори майдаавбошонаи онҳо тибқи муқаррароти моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст ва нисбаташон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди н. Сино ирсол гардид. Суд дар навбати худ санаи 8-уми апрели соли ҷорӣ ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯзӣ таъин кард.

Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *