Зансеталоқ ё чаро бойбача гадо шуд?
Эркадухтар
Байни ҳафт бародар духтари ягона ва эркаю азизи аҳли хонадонамон будам. Волидонам зиндагии фақирона дошта бошанд ҳам, оилаи мо дар маҳалла яке аз оилаҳои беҳтарин ба ҳисоб мерафт. Падару модарам нисбати тарбияи фарзанд бисёр сахтгир буданд ва кӯшиш менамуданд, ки моро дар руҳияи баланди одамгарӣ ба воя бирасонанд. Азбаски бадхӯӣ дар ниҳодамон набуд, ҳам дар мактабу ҳам дар деҳа номамонро танҳо ба некӣ ба забон гирифта, моро ба дигарон ҳамчун намунаи ибрат нишон медоданд. Ҳаётамон ширин мегузашт. Бародаронам ба куҷое, ки раванд, албатта барои ман ягон ҳадя меоварданд. Дугонаҳоям ба ман ҳасад бурда нимшӯхию нимҷиддӣ мегуфтанд: «Заъфарон, ту мисли ҳамон шоҳдухтари афсонаи «Нозанини хуфта» ҳастӣ, ки ҳафт паҳлавон ӯро муҳофизат мекунанд, фардо шавҳарат аз тарси бародаронат туро тоҷи сар намуда, мудом рӯйи даст бардошта мегардад….»
Мани сармаст аз меҳру муҳаббати волидону бародарон мисли гули навруста дар чамани орзую ҳавасҳои ҷавонӣ оҳиста-оҳиста қад кашида, торафт зеботар мешудам ва талабгорони зиёде дари хонаи падарамро охурча карда, мехостанд соҳиби чунин арӯси нозанин гарданд…
Арӯси бойбача
Падару модарам «духтари ягонаамон аз барамон дур нашавад» гӯён, маро ба як ҷавони ҳамдеҳаамон ба шавҳар доданд. Хонаводаи шавҳарам одамони бою бадавлат буданд ва натанҳо дар маҳаллаамон, балки дар тамоми ноҳия обрӯю нуфузи зиёде доштанд. Шавҳарам Амон дар оилаашон писари ягона буд. Ду апааш кайҳо шавҳар карда аз паси бахту зиндагии худ буданд. Дар хона танҳо ман будаму шавҳарам ва волидонаш. Хусуру хушдоманам одамони меҳрубону дасткушод буданд ва «келини ягонаамон» гӯён, маро дар зару зевар печонда, чизи дилхоҳамро аз таги замин бошад ҳам, ёфта медоданд, шавҳарам маро дӯст медошту рӯйи даст бардошта мегашт ва тамоми нозу нузамро мебардошт, ман низ Амонро дӯст медоштаму эҳтиром менамудам.
Хуллас, дар хонаи шавҳарам касе пишаки маро пишт намегуфт ва ман дар дил фахр мекардам, ки арӯси чунин хонадони бо обрӯ ва зани бойбачае шудам, ки тамоми зебосанамҳои гирду атроф дар орзуи васлаш буданд, аммо…
Боигарии аз осмон афтида
Амон дар ҳеҷ куҷо кор накунад ҳам, мошини бадвоҳимаи хориҷӣ, чанд мағоза ва пулу моли бисёре дошт. Ҳис мекардам, ки шавҳарам ба кадом як кори баде машғул аст, зеро ҳамеша ба хонаамон одамони шубҳанок омаду рафт мекарданд. Боре аз шавҳарам дар бораи кораш пурсон шудам, Амон қошу қавоқашро гиронда бо ҷиддият гуфт:
-Дигар ҳеҷ гоҳ ба кору бори ман биниатро нахалон, вагарна туро сахт хафа мекунам! Ман аз он мардҳое нестам, ки дар пеши зан ҳисобот медиҳанд. Вазифаи ман овардан, вазифаи ту бошад, танҳо пухтану хӯрдану пӯшида гаштан аст. Гапамро фаҳмидӣ?!
Ман бо аломати ризо сар ҷунбонда дигар ҳеҷ гоҳ дар бораи кору бораш чизе намепурсидам….
Меваи умр
Аз байн як сол гузашту писарчаам Нодирҷон ба дунё омада, олами маро боз ҳам рангинтар кард. Акнун бо тифли навзод ва кору бори хонаи сермеҳмон овора шуда, ман ҳатто вақти дар бораи манбаи даромади шавҳарам фикр кардан надоштам. Амонро гӯё модараш дар роҳ зоида бошад, мудом дар сафар буд, гоҳ ба ин шаҳр мерафт, гоҳ ба шаҳри дигар, баъзан чунин мешуд, ки шавҳарамро ду-се моҳ намедидам, вале ба ин чандон аҳамият намедодам, зеро зиндагии серу пур чашми ақли маро кӯр карда буд. Бойбачаи пулмасти мо дар Душанбе хона харид, вале зани қонуниаш бошам ҳам, ман ҳатто намедонистам, ки манзили харидаи шавҳарам дар кадом кӯчаи шаҳр аст.
Мусибат
Як хоҳаршӯям дар маркази вилоят зиндагӣ мекард ва духтарашро хонадор карда, маро ба тӯй хонд. Ҳамон шабу рӯз Нодирҷон ба бемории зардпарвин гирифтор буд ва ман бо кӯдаки беморам дар беморхона мехобидам. Амон падару модарашро ба тӯй бурда истода дар роҳ ба садама гирифтор шудааст. Дасту пойи шавҳарам шикаста бошанд ҳам аз марг раҳоӣ ёфт, вале хусуру хушдоманам дар ҷойи ҳодиса фавтиданд. Гузаронидани маъракаҳои мотамӣ ва нигоҳубини Амони дар садама ҳама ҷояш шикаставу афгоршуда бар дӯши ман буд. Азбаски аз аввал эрка калон шуда будам, ин ташвишҳо бароям гаронӣ карданд ва баробари ба по бархостани шавҳарам ман аз по афтида, бемор шудам…
Қасами бахтсӯз
Амон маро ба назди табибони номдор бурд. Бо меҳрубонии худованд ва дорую дармони табибон оҳиста-оҳиста шифо ёфта, ба по бархостам, вале намедонам чӣ шуду чӣ монд, ки ҳамсарам муфлису қарздор шуда монд. Қарздоронаш дари хонаамонро охӯрча карда буданд. Тамоми чизи дар бисотамон буда ба савдо рафта бошад ҳам, ҳеҷ аз қарз халос намешудем. Як шаб намози хуфтанро хонда нав ба бистар даромаданӣ будам, ки се марди ҳузарб дарвозаро бо пояшон кушода ба ҳавлӣ даромаданд ва яке аз онҳо шавҳарамро аз зери кӯрпа кашида бароварду дод зад:
-Эй ҳаромӣ, додари ман аз пушти ту дар зиндон шиштаасту ту дар бистари гармакак кайфу сафо дорӣ?! Пулро барор!!!
Шавҳарам ларзону ҳаросон гуфт:
-Акаҷон, агар се рӯз пас пулатонро ёфта надиҳам, занам се талоқ!
бо шунидани ин қасами қисматсӯз ман аз ҳуш рафтам.
Вақте ки мард мегиряд…
Вақте ки чашмонамро кушодам, Амон дар болои сарам нишаста, мисли занҳо ҳой-ҳой гиря мекард. Хоҳиш кардам, ки рости гапро гӯяд, аммо ӯ аз гуфтани ҳақиқати ҳол гардан тофта, гуфт, ки то се рӯз бояд аз таги замин бошад ҳам, пули онҳоро ёфта диҳад. Маслиҳат додам, ки аз язнаю апаҳояш ва аз падару бародарони ман кӯмак бипурсад. Шавҳарам хандаи пурдарде карда гуфт:
-Апаҳои ман ва бародарони туро бо ҳама дороияшон фурӯшем ҳам, қарзи онҳо буд намешавад!
Рӯзи сеюм наздик мешуд ва дили маро сагон тала мекарданд…
Номард
Рӯз бегоҳ шуду аз Амон дарак набуд. Аз тарс писараки сесолаамро гирифта ба хонаи падарам рафтам ва «сарам дард мекунад» гӯён, кӯдакро ба дасти модарам дода, ба бистар даромадаму худро ба хоб андохтам. Чашмонам пӯшида бошанд ҳам, дилам бедор буд ва мисли мурғи нимбисмил худро бо тарсу ҳарос ба панҷараи синаам мезад. Тақрибан як соат пас ҳамон се «буққа» ба хонаи падарам зада даромаданд ва дӯғу пӯписакунон дар куҷо будани Амонро пурсиданд. Падари дунёбехабарам меҳмонҳои нохондаро ба хона таклиф кард, вале ҳамон мард аз гиребони шавҳарам гирифта девонавор фарёд зад:
-Бобо, мо ба ин ҷо чойхӯрӣ наомадаем! Домодатонро пинҳон накунед, он номард бо зансеталоқ қасам хӯрда буд, ки ҳамин рӯз пули маро медиҳад, вале наовард!
Онҳо то дер омадани Амонро мунтазир шуданд, вале шавҳарам на он рӯз омад, на рӯзи дигар…
Ҷудоӣ нолаҳои зор дорад
Амон танҳо баъди як ҳафта пайдо шуд, вале падарам нагузошт, ки қадамашро аз дарвоза ба дарун гузорад. Мӯйсафед «номард, акнун ту барои духтари ман бегона ҳастӣ» гӯён, ӯро мисли саги дайду ронд. Ҳамин тавр як қасами тақдирсӯзи шавҳарам зиндагии ободу осудаи моро барбод дода, писаракамро зиндаятим гардонд…
Бахти дуюм
Баъди як соли ин ҳодиса як ҷӯраи падарам ба хонаамон хостгорӣ омада гуфт:
-Духтари ман аз касалии саратон ҷавонмарг шуду се духтаракаш ятим монданд. Домодам ҷавонмарди хуби меҳнатӣ аст, вале хешу табораш барояш чанд арӯс ёфта бошанд ҳам, ҳеҷ ба зангирӣ розӣ намешавад. Ба хотири се ятимаки духтарам қарор додам, ки худам барои домодам зан мекобам. Ман оилаи шуморо хуб медонаму духтаратонро аз хурдӣ пуштора карда калон кардаам, барои ҳамин ба ягон ҷойи дигар нарафта дари туро кӯфтам, ҷӯраҷон. Духтаратро ба домоди ман диҳӣ, пушаймон намешавӣ…
Ҳамин тавр маслиҳат пухт ва волидонам маъракаи хоксоронае ороста, маро дубора ба хонаи бахтам гусел намуданд….
Падарандари беҳтар аз падар
Шавҳарам Ҳаким бою бадавлат набошад ҳам, марди хоксору меҳнатии беозоре буд. Трактор дошт ва ҳар саҳар писарчаи ман Нодирҷонро наздаш шинонда ба куҷое, ки равад, ҳамроҳаш мебурд. Духтаронаш маро очаҷон гуфта, Нодирро мисли додари худашон дӯст медоштанд ва рӯйи даст бардошта мегаштанд. Мешунидам, ки шавҳари якумам Амон боз ба қавли кампиракон худашро гирифта, пулдор шудааст ва зани ҷавон гирифтааст, вале заррае ғамгин набудам, чунки бойхотун набошам ҳам, шавҳарам Ҳаким маро ҳурмату эҳтиром мекард ва аз ҳама муҳимаш писаракамро мисли фарзанди худаш дӯст медошт….
Писархонди кӯрнамак
Солҳо турнасон гузаштанд. Дар ин миён аз шавҳари дуюмам ду писар таваллуд кардам, вале Ҳаким ҳамоно Нодирро эрка карда, намемонд, ки ба пояш хоре халад, вале ҳис мекардам, ки авзои писарам ким чихел беҷо аст. Як саҳар шавҳарамро ба кор гусел карда, хостам писарамро бедор кунам, то ки ба мактаб равад, вале хонаи хоби Нодирро холӣ ёфтам…
ашро холӣ ёфтам. ӯ дар варақе навишта буд:- Очаҷон, ман бо падарам рафтам, ӯ маро ба донишгоҳ дохил мекунад, аздусар амакам ин корро карда наметавонанд. Худро ба зур то бегоҳ доштаму ҳамин ки шавм аз кор баргашт инони гиряро сар додам, Ҳаким андешаманд оҳе кашиду гуфт:-Ѓам нахур занак, назди каси бегона не, назди падараш рафтааст, агар лозим донад моро хабаргирӣ меояд, агар не Худо нигаҳбонаш бошад. дар танҳоӣ барои ин рафтори писарам хун гиря кунам ҳам, кушиш мекардам, ки номашро пеши касе ба забон наорам. Фақат духтари калонии шавҳарам зуд-зуд ӯро ба хотир оварда аламҳоямро тоза мекард…
Подабон
Волидонам дар қайди ҳаёт набуданд, вале бародаронам аз ин рафтори писарам сахт хафа шуданд. Дар як деҳа бошанд ҳам бо таѓоҳояш гап намезадааст, Амон ба ҷойи ба донишгоҳ дохил кардан, гову моли бисёре харида Нодирро подабон кардааст. Пас аз як соли хатми мактаб писарамро зан доданд, ӯ маро ҳатто ба тӯяш хабар накард… Аз янгаҳоям мешунидам, ки акнун Нодиру занаш якҷоя галаву рамаи Амонро нигоҳбонӣ мекунанду бар ивази ин на танҳо якашон ду намешавад, баракс зани Амон азобашон медодааст. Ман модарам, дилам ба ҳоли писаракам хун мешуд, вале гуноҳашро бахшида наметавонистам. Барои по монданаш ба рӯи меҳнатҳои Ҳакими беозор, туф карданаш ба меҳри духтарҳои ӯ ва бераҳмияш дар ҳаққи ман Нодирҷонро бахшида наметавонистам, аммо ҷигарам садпора буд…
Бозгашт
Як шоми сарди зимистон, барф беист меборид, барқ набуд, дар равшании чароѓи писаронам ҳамроҳи падарашон дарс тайёр мекарданду ман барои ош турб мехарошидам. Касе дарвозаи берунро сахт-сахт куфт, очаш наход намози шом нашуда дарро бандӣ-гуфт мардакам норизо. Писарчаи клониям фурузонакро гирифта дав-давон рафта дарвозаро кушод ва бо ҳамон суръат гашта омаду гуфт:-Оча, шуморо фарёд… Пушти дар Нодир ҳамроҳи духтари мавзунқомате меистод, худамро дошта натавониста писарамро оѓӯш карда зор-зор гиристам. Авсунам, ки ҳамсояи девор дар миён аст давида омад, дар як замон духтарҳо хабар ёфта омаданд… Ҳар кас чизе рӯи хон мегузошт, келинам бо меҳр ба ман менигаристу оби чашмонашро тоза мекард…. Аз ин воқеа қариб як сол сипарӣ мешавад, ҳоло Нодирҷону Ҳаким дар Руссия мардикоранд, мо бо пулҳои равон намудаашон порчаи заминеро ахридорӣ карда мехоҳем барои оилаи писарам, ки ба қарибӣ се нафар мешаванд хонаи алоҳида созем…
Ману келинам ҳар ду муштарии ҳафтавори «Оила» ҳастем, қиссаи зиндагиямро барои он рӯи коѓаз овардам, ки дигарон хонда панд гиранд. Бигузор мардум донанд, ки дар дунё падарандарҳое, ҳастанд аз падар садҳо маротиба беҳтару авлотар….
Бо эҳтиром Заъфарон н. Панҷ.
Таснифи Дилошуб
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ