«Зарафшон» бесоҳиб аст? Вақте оҳуҳо ҳам ба Ӯзбекистон мегурезанд…

Парваришгоҳи “Зарафшон” дар қисмати ғарбии шаҳриПанҷакент, дар сарҳади байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон  ҷойгир буда, масоҳаташ 2300 га мебошад ва он соли 1972 ташкил ёфтааст. 

Мақсад аз ташкил намудани ин парваришгоҳ нигоҳ доштани шумораи камшудаистодаи оҳуи туқай ва мурғи даштӣ (фазан) буд. Чун ин парваришгоҳ дар дохили хоҷагии ҷангал ташкил шудааст, ба мисли хизматгори ду хоҷа дар солҳои охир тамоман рӯ ба харобӣ овардааст ва ҳоло ҳайвонҳои нодири ин парваришгоҳ ба худ ҷои амнтар, яъне туқайзорҳои соҳили Зарафшони Ӯзбекистонро макон қарор медиҳанд.

Чаро парваришгоҳи як вақтҳо машҳур ба ин ҳол афтод? Бояд гуфт, ки вазифаи аслии хоҷагии ҷангал ин ҳифзи набототу ҳайвонот ва рушд додани он аст. Аммо ҳоло хоҷагии ҷангалро аз хоҷагии деҳқонӣ фарқ кардан мушкил аст. Ҳоло туқайзорҳо макони зисти оҳу ва фазанро решакан намуда, онро ба замини кишоварзӣ табдил дода истодаанд. Солҳои пеш мудири ин парваришгоҳ шодравон Насимов буданд,ки он замон ба ҷуз кормандони хоҷагии ҷангал дигар ҳеҷ кас ҳаққи даромадан ба ҳудуди онро надошт. Оҳиста-оҳиста шумораи оҳувони ин парваришгоҳ зиёд мешуд ва садои хуши мурғи даштиро аз ҳар самт шунидан мумкин буд. Минбаъд кор ранги дигар гирифту ҳоло дар ҳудуди парваришгоҳ 100 га заминро шолӣ мекоранд, садои трактору комбайн ҳама ҷоро чаро гирифт ва ҳудуди 10 хоҷагӣ дар ин ҷо ба таври доимӣ истиқомат мекунанд. Яъне, акнун парваришгоҳ майдони ҳарбузарб барои нафси инсонӣ шуд ва муҳити зист зарари ҷуброннопазир дид. Ҳатто сагобӣ (нутрия)  ва муши обӣ аз ин ҷо кӯч бастанд.

Дар ин ҷо боз 7 га боғро решакану зардолузор ва биҳизореро,ки исфарагиҳо ҳар сол омада ҳосилашро мебурданд, решакан намуданд.  Дар парваришгоҳ 45 сар оҳу ба қайд гирифта шуда буд, аммо чанд тои он ҳоло боқӣ мондааст, касе намедонад. Зеро баъд аз  ба сари кор омадани Луъмонзода муҳити зисти  онҳо боз тангтар шуд. Бо баҳонаи сохтмони чойхонаи “Саразм” қариб 300- 400 бех сафедорро буриданд, ки ин низ зарар ба муҳити зист аст. Аз ҳама таассуфовараш ин аст, ки  беҳтарин кормандони  ҷангал-егерҳо аз кор рафтанд ва ба ҷои онҳо шахсонеро ба кор гирифтанд, ки чӣ тавр “нафас кашидани ҷангалро намедонанд”.  Масалан, оё зане, ки қаблан котиба буду дар даст кӯдаки ширмак дорад, егер, яъне нафаре, ки бояд ҳамеша дар ҷангал бошаду аз ҳоли чарандаю парандаҳои он бохабар гардад, шуда метавонад? Ҳоло мавсими шикор ба охир расид, оё то имрӯз касеро барои шикори ғайриқонунӣ ҷарима ва ё боздошт карданд? 

Ҳамасола дар пуштаҳое, ки чарогоҳи оҳувони нодир буд, акнун тақрибан 2000 сар бузу гӯсфанд мечаранд. Солҳои пеш як қисмати атрофи парваришгоҳ бо симтӯр маҳкам  буд, ки он ҳам  бо кумаки  олмониҳо сурат гирифта буд, ки ҳоло аз он танҳо хотира боқӣ мондааст. Олмониҳо ғами ҳайвоноту набототи моро мехӯрданд, вале худи мо бошем, кӯшиш мекунем, ки ҳар чӣ зудтар онҳоро нест кунем. Чӣ тазоде…

Бо навиштани ин сатрҳо умед дорем, ки роҳбарияти нави шаҳри Панҷакент дар ҳифзи зебу зинати кишвари азизамон ва беҳдошти муҳити  экологии ин минтақа нигоҳи дигар доранд ва аз паи ислоҳи ин нобасомониҳо мешаванд.

Забир Шуҷоъзода, сокини ш. Панҷакент

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *