Зарари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон муайян шуд

Дар Тоҷикистон офатҳои табиии моҳи майи соли равон 44 миллион сомонӣ хисорот расонданд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, аз 3 то 26 майи соли ҷорӣ дар натиҷаи офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел 25 манзил осеб дида, 15 хона пурра вайрон шуд.

 Ҳамчунин, аз офатҳои табиӣ  бинои 6 муассисаи таълимии миёна ва томактабӣ, 260 км роҳҳои мошингард, 27 пул, 15,2 км хатҳои интиқоли барқ, хати алоқа, 87,7 км иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ ва 92,6 км хатҳои обрасон ва каналҳо зарар дидаанд. Чандин нафар ҷони худро низ аз даст доданд.

Мақомот гуфтанд, дар натиҷаи офатҳои табиӣ 638 сар чорво талаф шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ба 1174 оила кумак расонда, зиёда аз 5,5 ҳазор касро ба ҷойи бехаф кӯчонда шудаанд.

Ҳоло низ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз эҳтимоли борони сахт ва омадани сел дар минтақаи куҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд хабар додааст.

Рӯзҳои наздик эҳтимоли баланд шудани сатҳи оби дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсу, Қизилсу ва рӯдхонаҳои Варзоб, Лучоб, Элок, Ромит ва Харангон вуҷуд дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *