Зарари ошкоршуда 600 миллион сомонӣ аст
Соли 2018 дар фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва сохтору субъектҳои хоҷагидории давлатӣ беш аз 600 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст.
Ин зиёни молиявиро мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бар асоси беш аз 1200 тафтишу санҷишҳои молиявӣ ошкор кардаанд.Сулаймон Султонзода, раиси ин агентӣ дар ҳисоботи солонааш дар баробари президент ва ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 21 январ гуфтааст, ки наздики 490 миллион сомонӣ зиёни молӣ ба буҷети давлат ва ба суратҳисоби корхонаву муассисаҳо барқарор гардидааст.Мавзӯи муборизаи бо коррупсия ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷаи давлатӣ яке аз масоиле буд, ки дар ҷаласаи таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд. Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ҳам дар гузориши худ гуфтааст, ки дар натиҷаи санҷиши аудитории ин ниҳод ба маблағи 396 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуда, 73 фоизи он барқарор гардидааст. Ба Палатаи ҳисоб супориш шудааст, ки раванди таҳия ва банақшагирии буҷети давлатиро қатъӣ назорат кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ