Зарбаҳои ҳавоии Русия ба Идлиб 8 сокинонро кушт
Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии нерӯҳои Русия дар шимолу ғарби Сурия, дар вилояти Идлиб 8 кас, аз ҷумла 5 кӯдак кушта шуданд.
Ба огаҳии СММ, аз 16 декабр амалиёти низомии ҳукумати Сурия ва Русия дар Идлиб афзоиш ёфта, даҳҳо ҳазор одамро маҷбур ба тарки хонаҳояшон кардааст. Маркази мониторинги риояи ҳуқуқи инсон дар Сурия мегӯяд, дар давоми ин муддат ҳудуди 80 сокини осоишта ҷон бохтааст.
Нерӯҳои президенти Сурия Башор Асад дар пайи задухӯрдҳои худ бо ҷиҳодиён даҳҳо маҳаллаву шаҳракро дар ҷануби Идлиб ғасб кардаанд.
Ба гуфтаи раҳбари Маркази мониторинги риояи ҳуқуқи инсон дар Сурия Рамӣ Абдураҳмон, нерӯҳои Асад дар чаҳоркилометрии шаҳри стратегии Маарет ал-Нумон қарор доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ