Зардолу давои камхунӣ
Агар шумо хотирпарешону камхун ҳастед ва ё аз фаъолияти ғадуди зери меъда шикоят доред, пас меваи тару тозаи зардолуро истеъмол намоед.
Ба гуфтаи мутахассисон, зардолу дорои қандҳо, инсулин, лимӯ, витаминҳои гурӯҳи B, C, H, E, P, провитамини А, оҳан ва ғайраҳо мебошад. Истеъмоли зардолу гемоглобинро дар хун зиёд мекунад, ба раванди гемопоэз таъсири муфид мерасонанд, ки ин барои гирифторони камхунӣ хеле муҳим аст. Мавҷудияти миқдори зиёди оҳан дар камхунӣ, бемориҳои системаи дилу раг ва ғайра, ки ба рушди норасоии калий ҳамроҳ мебошанд, нақши муҳим дорад. Инчунин он аз ҳисоби миқдори зиёди фосфор ва магний фаъолияти зеҳниро афзун ва хотираро беҳтар мекунад. Дар зардолу инчунин пектин мавҷуд аст, ки метавонад маҳсулоти заҳрноки мубодилаи моддаҳо ва холестеринро аз бадан хориҷ кунад.
Яке аз ҷиҳатҳои фоидаовари зардолу он аст, ки фаъолияти ғадуди зери меъдаро ба эътидол меорад, аз ин рӯ, фаъолияти ҷигар ва заҳра беҳтар мешавад.
Бояд гуфт, ки ин мева чӣ дар шакли тару тоза буданаш ва чӣ хушкаш фоидаовар дониста мешавад. Табибон ба занҳои ҳомила, инчунин он модароне, ки нав тифл ба дунё овардаанд, мунтазам хӯрдани зардолуи хушкро тавсия медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ