Зардолу манбаи зиндагии сокинони чанде аз ноҳияи Суғд аст

 Тасмим ҳаст соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 1700 гектар боғи нав бунёд карда шавад, ки дар он асосан ниҳолҳои зардолуву ток парвариш карда мешавад. Боғҳои интенсивӣ ва анъанавӣ дар минтақаҳои камоб, яъне мавзеъҳои Сомғор, шаҳраки Сайҳун, Қизилӣ ва чанде аз маҳалҳои шаҳри Исфараву ноҳияи Ашт бунёд карда мешавад.

 Ҳоло дар шимолии Тоҷикистон беш аз 43 ҳазор гектар боғ ва майони зардолу маҷуд аст, ки аз он 33 ҳазор гектар майдони зардолу ҳосилдеҳ мебошад. Масъулини кишоварзӣ мегӯянд, зардолупарварӣ назар ба дигар меваҷот дар Суғд аз ҷиҳати иқлим низ муфид буда фоидаи хуби пулӣ низ аз ҳосили он ба даст овардан мумкин аст. Инчунин манбаи асосии рӯзгузаронии сокинони чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ҷумла ноҳияҳои Мастчоҳи кӯҳӣ ва Исфара маҳз фурӯши ҳосилоти зардолу (ду намуд: тар ва хушкмева) мебошад.

 

                                                                                                                                                    Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *