Зардолуи хушки Хатлон ба Русия содирот мешавад
Кооперативи истеҳсолӣ-тиҷоратии “Беҳбудӣ“ дар ноҳияи Кӯшониён 700 тонна зардолуи хушкшудаи мувофиқ ба стандартҳои байналмилалиро барои харидорон пешниҳод кардааст.
Феълан роҳбарияти хоҷагии болозикр танҳо бо ширкати «Исфара-Фуд» аз вилояти Суғд ҳамкорӣ дошта, нақша доранд, ки кам не, 400 тонна зардолуи хушк ба ин минтақаи кишвар интиқол диҳанд.
Раҳматулло Саъдуллоев, роҳбари Кооперативи истеҳсолӣ-тиҷоратии «Беҳбудӣ» мегӯяд, ки баъди ворид кардани таҷҳизоти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз омода кардани 700 тонна меваи хушк дар як сол ва он ҳам мувофиқ ба стандарти байналмилалӣ хабар доданд.
— Ҳоло барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Федератсияи Русия талош дорем. Минтақае, ки ба боғу корхонаи истеҳсолӣ табдил шудааст, дар пештара харобазоре беш набуд. Ҳоло дар ин коргоҳ беш аз 20 нафар мавсимӣ фаъолият доранд. Кооперативи истеҳсолӣ-тиҷоратӣ 60 саҳмдор дорад. Мо дар ояндаи наздик маҳсулоти ватаниро ба вилояти Челябински Русия содирот мекунем,- афзуд вай.
Маҳинаи Давлат
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ