Зардов: Сокинон аз низоми бонкии исломӣ бехабаранд

Як масъули “Тавҳидбонк” гуфт, ки бисёре аз сокинони Тоҷикистон ба бонкдории исломӣ таваҷҷуҳ доранд, вале дар бораи ин низоми бонкӣ дониши пурра надоранд.

Як масъули “Тавҳидбонк” гуфт, ки бисёре аз сокинони Тоҷикистон ба бонкдории исломӣ таваҷҷуҳ доранд, вале дар бораи ин низоми бонкӣ дониши пурра надоранд.

Ин нуктаро Шералӣ Зардов, иҷоркунандаи вазифаи раиси “Тавҳидбонк” рӯзи 25 сентябр зимни нишасти матбуотӣ ироа намуд.

Ба гуфтаи вай, зиёда аз 90 дарсади аҳолии кишвар мусалмон ҳастанд ва аз 17 бонк ягонтои он мутобиқ ба талаботи ахлоқӣ ва эътиқодии онҳо хадамот пешниҳод намекарданд.

“Тавҳидбонк” ҳамчун аввалин бонки исломӣ дар ҷумҳурӣ баъди анҷомёбии раванди бомуваффақияти табдилдиҳии худ, расидан ба субот ва устувории молиявӣ ва вусъатёбии фаъолияташ дар қаламрави кишвар ва берун аз он ният дорад, ки мавқеъи худро дар минтақа ҳамчун “хаби маблағгузории исломӣ” муқаррар намояд”-зикр намуд Шералӣ Зардов.

Тули чор соли охир чанде аз бонкҳои маъмулӣ дар Тоҷикистон дучори мушкил шуда, дар пардохти амонати муштариён оҷиз монданд. Аксари муштариён низ аз баҳраҳои баланди бонкҳо шикоят мекунанд ва умеди онҳо ба низоми бонкдории исломист. Вале чанде аз коршиносони тоҷик мегӯянд, ҳамон тавре бархе аз сокинон тасаввур мекунанд, «бонкҳои исломӣ ниҳодҳои хайру садақа ва роҳи осони ба даст овардани қарз нестанд».

Ҳамчунин, зимни нишасти матбуотӣ Шералӣ Зардов роҷеъ ба сохтор, фаъолият, ҳадаф, маҳсулот ва дурнамои нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намуда, зикр кард, ки бонкҳои исломӣ дар қиёс бо бонкҳои анъанавӣ солҳои охир буҳроннопазир будани худро бори дигар исбот сохтаанд. Ин дар ҳолест, ки аз 40 то 60 фоизи муштариёни бонкҳои исломӣ дар ҷаҳон мардумони ғайримусалмонанд.

Мавсуф афзуд, ки Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи бонкдории исломӣ қадамҳои нахустин гузоштааст. Соҳиби иҷозатнома гардидани аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон «Тавҳидбонк», ки минбаъд барои анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар бозори хизматрасониҳои бонкии мамлакат фаъолияти худро ба роҳ монда, тавсеа мебахшад, шаҳодати ин гуфтаҳост.

Маврид ба ёдоварист, ки 17 сентябр нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон- «Тавҳидбонк» соҳиби иҷозатнома барои фаъолияти бонкдории исломӣ гардида буд. Ба фаъолият шурӯъ кардани аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон барои низоми бонкии ҷумҳурӣ рӯйдоди муҳим арзёбӣ гардида, саҳифаи наверо дар рушди бонкдории исломӣ дар мамлакат боз намуда, инчунин барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва кушодани бонкҳои нав бо принсипи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

“Тавҳидбонк”, нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон дар заминаи «Соҳибкорбонк» таъсис дода шудааст. Бо қарори Маҷлиси умумии саҳмиядорон “Соҳибкорбонк” аз 12 июни соли 2019 номи он ба “Тавҳидбонк” табдил дода шуд.

Нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон “Тавҳидбонк” фаъолияти худро дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи мамлакат ба роҳ монда, ба қонуни дини мубини Ислом –шариат, Қуръони Карим ва суннатҳои Паёмбари ислом Муҳаммад (с.а) такя менамояд. Айни замон сармояи ин бонк ба 65 миллион сомонӣ, муодили беш аз 6,5 миллион доллар мерасад.

“Тавҳидбонк” сеюмин бонки исломӣ мебошад, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст. Қаблан ду бонки исломӣ дар Қазоқистон ва як равзана дар Қирғизистон таъсис шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *