Зардпарвин вирусе, ки ба атрофиён сироят меёбад

Бемории зардпарвин аслан дар фасли тирамоҳ хурӯҷ мекунад. Сабабҳои асосии афзоиши ин беморӣ зиёдшавии вирусҳои барангезанда мебошад. Дар илми тиб зардпарвинро гепатит низ ном мебаранд. Он вирусе мебошад, ки дар таркиби хун нашъунамо менамояд. Гепатитҳои музмин нишонаҳои номатлуб ё носолимро доро буда, дар ин навъи беморӣ эҳсосоти хастагӣ,  заифшавӣ ва ҳиссиёти вазнинӣ зоҳир мегардад.

Бемории зардпарвинро вобаста ба сабаб ва тарзи пайдоиш ба се навъ ҷудо мекунанд. Инҳо зардпарвини ҷигар (паренхимӣ), зардпарвини механикӣ, зардпарвини гемолизӣ (хунобӣ) мебошанд. Зардпарвини ҷигар дар натиҷаи осеби ҳуҷайраҳои ҷигар ба амал омада, раванди ҳосилшуда ва ба рӯда гузаштани  билурубин халал меёбанд. Дар натиҷа, ранги наҷосат сафед шуда, пешоб сурхчатоб мегардад. Зардпарвини ҷигар одатан ҳангоми бемории Боткин мушоҳида мешавад. Он аз таъсири нӯшокиҳои спиртдор иллат ёфтани ҷигар хоҳад шуд. Зардпарвини механикӣ дар аснои баста шудани роҳи талха ба вуҷуд меояд.

Бемории зардпарвин дар навбати аввал дар пардаи чашм, пардаи луобии ком ва зери забон аён шуда, сипас оҳиста-оҳиста дар пӯст зоҳир мешавад. Ташхиси гепатитҳои вирусӣ дар натиҷаи ташхиси махсуси лабораторӣ, аз ҷумла дар хун пайдо кардани моддаҳои бегона нисбат ба  вируси гепатити А,С,Д,Е анигенҳои вируси гепатити В ва моддаҳои бегонаи ба онҳо дахлдор асос меёбад.

Гепатити А давраи бемории аз 15 то 30 рӯзро дар бар мегирад. Давраи то зардшавӣ асосан 5-7 рӯз давом мекунад. Ҳарорати бадан то дараҷаи 38-390С баланд шуда, то 1-3  рӯз боқӣ мемонад. Дарди сар, бемадорӣ, эҳсоси хастагӣ, табларза, хоби нороҳати шабона нишонаҳои ин беморӣ мебошанд. Ҳамчунин, ҳисси талхӣ дар даҳон пайдо шуда, баъзан қайкунӣ, ҳиссиёти вазнинӣ пайдо мешавад. Ранги пешоб пас аз 2-4 рӯз тағйир меёбад. Дар ин ҳолат ранги пешоб зардчатоби баланд шуда, наҷосат беранг мешавад. Гепатити Е мисли гепатити А ҷараён мегирад. Занони ҳомила агар ба он гирифтор шаванд, он оқибати хеле вазнин дорад. Дар ин ҳолат зан бояд ҳомиладории худро ҳатман қатъ намояд, чунки тифли дар батнашбуда низ ба ин беморӣ сироят шудааст.

Гепатити В дар аксари беморон дар ҳолатҳои вайроншавии кори меъдаю рӯда, пастшавии иштиҳо, баъзан дарди паҳлуи рости қабурға, дилбеҷошавӣ ба назар мерасанд. Давраи мушоҳидаи зардшавӣ 7-12 рӯзро дар бар мегирад, дар баъзе ҳолат беморон хориши баданро мушоҳида мекунанд. Муддати вазнинии бемор 1-3 ҳафтаро дар бар мегирад. Шифоёбии ин гепатит нисбатан дарозтар буда, 1,5 то 3 моҳро ташкил медиҳад. Дар баъзе ҳолатҳо аз ин беморӣ аломатҳо ба мисли васеъшавии ҷигар боқӣ мемонад.

Аломатҳои бемории гепатити С аз заифшавӣ, камқувватӣ, пастшавии иштиҳо ба мушоҳида мерасад. Дар ин намуди гепатит зардшавӣ ниҳоят суст зоҳир мешавад. Ранги пӯст ба андозаи кам зарчатоб мешавад, ранги пешоб бошад, нисбатан камтар ба назар мерасад. Дар аксарияти бемории гепатит сиррози ҷигар инкишоф меёбад, ки солҳои зиёд онро бояд табобат кард, дар ҳолати сари вақт табобат нагирифтани он метавонад ба саратони ҷигар мубаддал шавад.

Табибони халқӣ мағзи дар об пухтаи кадуро барои гирифторони бемории зардпарвин тавсия медиҳанд. Ҳамчунин, тарбуз барои зардпарвин низ дармони хубест, он иштиҳоро афзуда, хусусияти пешобронияш зиёд мебошад. Обҷӯш ё чойи мӯяки ҷуворимакка ба рафъи варами ҷигар даво аст. Хӯрдани шарбати сабзӣ, обҷӯши пудинаю асал бо барги гули қоқу низ чунин фоида меоранд. Барои бартараф кардани ҳоли бади ҷигар бояд чанд дона зираро якчанд рӯз бихӯранд.

 Ин беморӣ, ки аз таъсири вирус пайдо шудааст, барои атрофиён манбаи сироят мебошад. Аз ин рӯ, шахси бемор ҳатман макони зисти худро аз атрофиён ҷудо намуда, бистарӣ кунонида шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *