Зарфи бо хокистари Маҳатма Гандиро дуздиданд

Зарфи дорои хокистари роҳбари ҳаракати озодихоҳи Ҳиндустон Маҳатма Гандиро аз осорхонаи марказии он кишвар рабуданд. Ҳамзамон рӯи аксҳои ин сиёсатмадор «хоин» навиштанд. Ҳодисаи мазкур дар солгарди 150-уми вай, дар таърихи 2 октябр рух дод, менависанд расонаҳо.

Гандӣ моҳи январи соли 1948 кушта шуд ва хокистари ҷасади ӯро, ки бар асоси анъанаҳои ҳиндӣ сӯзонида шуда буд, тақсим ва дар чанд осорхона нигаҳ медоштанд. Рабуда шудани зарфи хокистари ӯро аз осорхонаи марказӣ соати 11 шаб мушоҳида карданд ва пулис айни ҳол гумонбаронро меҷӯяд.

Гандӣ ҳаракати муқовимати бидуни хушунатро нисбати ҳукумати истеъмории Англия роҳандозӣ кард ва ин навъи ҳаракат дар саросарӣ дунё паҳн шуд. Бисёре аз ҳиндуҳо ӯро падари миллат унвон мекунанд. Ҳиндустон маҳз дар замони роҳбарии вай дар соли 1947 соҳиби истиқлол шуд.

Аммо бархе аз сокинони дигар ӯро барои созиш кардан бо аҳолии мусалмони Ҳинд танқид мекунанд. Ин афрод мегӯянд, масъулияти тақсими кишвар ба Ҳинду Покистон бар дӯши Гандӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *