«Зархаридони канадагӣ» бар зидди Русия ҷанг мекунанд
Матбуот наворҳои эҳтимолии сафар ба Украина зархаридони Канадаро намоиш дод ВАО видеоеро бо зархаридони канадагӣ дар фурудгоҳи Варшава нашр карданд, ки ба Украина мераванд .
МОСКВА, 13 март. Радиои Sputnik. Порталҳои интернетии украинӣ навореро нашр карданд, ки дар он «зархаридони канадагӣ» дар фурудгоҳи Варшава ба қаламрави Украина рафта, бо артиши Русия «ҷанг» мекунанд.
«Шаҳрвандони Канада ба Украина рафтанд. Фурудгоҳи Варшава», — иқтибос меорад РИА Новости тавсифи видео. Қаблан вазорати дифои Русия хабар дода буд, ки зархаридони хориҷӣ вориди Украина шуда, тахрибкорӣ ва ҳамла ба таҷҳизоти низомии Русия кардаанд. Вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Кулеба изҳор дошт, ки мақомоти Украина ҳудуди 20 ҳазор дархости шаҳрвандони хориҷӣ барои ширкат дар амалиёти ҷангӣ аз ҷониби Нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дарёфт кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, сухан дар бораи «собиқадорон ва ихтиёриён аз 52 кишвари ҷаҳон» меравад. Қаблан радиои Sputnik аз саргузашти як зархариди бритониёӣ нақл кард, ки барои Украина меҷангид, вале дар мавриди бозпурсии хадамоти вижаи Украина қарор гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ