Зариф ба Тоҷикистон меояд

Имрӯз Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон барои ширкат дар 23-юмин нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЕКО), ба Тоҷикистон меояд. Қарор аст, ки ин нишаст рӯзи 17-уми апрел дар Душанбе баргузор шавад.

Ба навиштаи расонаҳои эронӣ, Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон гуфтааст, ки Муҳаммадҷавод Зариф рӯзи душанбе дар раъси як ҳайати сиёсӣ барои ширкат дар ин ҳамоиш озими Тоҷикистон мешавад. Муҳаммадҷавод Зариф дар ин сафар бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон низ дидор ва дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба, гуфтугӯ хоҳад кард. Расонаҳои давлатии Тоҷикистон ҳам бо такяи ба вазорати умури хориҷӣ навиштанд, ки ҳамоиши Душанбе бо иштироки вазирон ва муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO) баргузор мегардад. Дар доираи ин ҳамоиш, рӯзҳои 16-17и апрел дар «Боғи Ирам»-и Душанбе намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ доир мешавад.Муҳаммадҷавод Зариф бори охир дар моҳи ноябри соли гузашта ба Тоҷикистон сафар карда буд. Дар он сафар оқои Зариф дар маросими ба истифода додани бинои нави сафорати Эрон дар Душанбе иштирок намуд ва ҳамчунин бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.  Зариф баландпоятарин мақоми эронӣ аст, ки тайи тақрибан се соли ахири сардии равобит миёни Душанбе ва Теҳрон, аз Тоҷикистон дидан менамояд.Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан ду соли охир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *