Зариф омад, Ашраф Ғанӣ ҳам меояд…
Муҳаммадҷавод Зариф ба иловаи ширкат ва суханронӣ дар ҳамоиш ва музокирот бо мақомоти Тоҷикистон, бо вазирони умури хориҷии Афғонистон, Покистон, Ҳинд ва Озарбойҷон низ мулоқот хоҳад кард.
Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон шаби гузашта ба ҳадафи ширкат дар нуҳумин Конфронси «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» ва музокирот бо мақомоти Тоҷикистон, вориди шаҳри Душанбе шуд
Ба иттилои ИРНА — хабаргузории расмии Эрон, Муҳаммадҷавод Зарифро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва дигар мақомоти тоҷик истиқбол карданд.
Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадҷавод Зариф ба иловаи ширкат ва суханронӣ дар ин ҳамоиш ва музокирот бо мақомоти Тоҷикистон, бо вазирони умури хориҷии Афғонистон, Покистон, Ҳинд ва Озарбойҷон низ мулоқот хоҳад кард.
Нишасти нӯҳуми вазирони «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» рӯзи 30-юми март дар Душанбе оғоз мешавад. Қарор аст, дар он вазирони умури хориҷии 15 кишвар ва президентҳои Тоҷикистону Афғонистон иштирок кунанд.Дар назар аст, ки имрӯз президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ низ ба Душанбе ояд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ