Зарифу Ҳамза-фармондеҳони Толибон кушта шуданд
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, ин кори размандагони ӯ нест. Толибон то ба ҳол чизе нагуфтаанд.
23 ноябр, мошини ду фармондеҳи толибон бо номҳои Ҳамза ва Зариф, ки пас аз боздошти Мулло Сангин, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат аз рустои Эминди Варсаҷ бармегаштанд, ба як минаи канориҷодаӣ бархӯрдааст.
Ҳодиса дар минтақаи наздик ба ҷангали Миздашти вулусволии Варсаҷ, ки миёни рустои Таришта ва вулусволии Фархори вилояти Тахор доман густурдааст, рух додааст . Дар натиҷа Ҳамзаву Зариф, фармондеҳони толибон бо ду муҳофизашон ба ҳалокат расида, Мулло Сангини асир ва бақия се толиби сарнишини мошин захмӣ шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ