Зарина Ибодзода: Сафи донишҷӯёни хориҷӣ дар донишкада зиёд шуд

Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон 126 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил менамоянд, ки онҳо аз Узбекистон, Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Танзания, Арабистони Саудӣ ва Норвегия мебошанд.

Дар ин бора ректори донишкада Зарина Ибодзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. 

 Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки ҳоло шаҳрвандони хориҷӣ танҳо дар факултети кори табобатии донишкада таҳсил доранд.

“Агар хоҳишмандон зиёд шаванд, дар факултетҳои дигари донишкада низ донишҷӯёни хориҷиро қабул менамоем”,-изҳор дошт ректор.

Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон 188 гурӯҳи таълимӣ мавҷуд аст, ки аз ин 92 гурӯҳ бо забони давлатӣ, 90 гурӯҳ бо забони русӣ ва 6 гурӯҳ бо забони англисӣ таҳсил намуда истодаанд. Айни замон теъдоди донишҷӯёни донишкада 3315 нафар аст. Нисбат ба соли 2023-юм 874 нафар зиёд мебошанд.

Дарсҳои амалӣ-клиникӣ ва токлиникӣ, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар назди Маркази клиникӣ, таълимии назди донишкада гузаронида мешавад. Дар он шуъбаҳои ҷарроҳӣ, урология, стоматология ва терапевтӣ фаъолият дошта, мунтазам беморон қабул карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image