Зарина Ниматова

Зарина Ниматова: Аз Муллоқандов миннатдорем

Соли гузашта барои соҳаи маорифи кишвар соли бобарор буд. Зеро, дар ин сол табақаҳои гуногуни ҷомеа, хусусан соҳибкорон ба мактабу маориф кумакҳои худро дареғ надоштанд. Намунаи барҷастаи чунин фидокорӣ амали неки соҳибкор Евгений Муллоқандов аст, ки аҳли хонандагону омӯзгорони МТМУ №3-и шаҳри Ваҳдатро шод кард.

Дар суҳбат бо мо директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи В. Терешковаи шаҳри Ваҳдат Зарина Ниматова ба соҳибкор Евгений Муллоқандов барои саҳм гузоштанаш дар ободонии мактаби мазкур изҳори миннатдорӣ кард.

— Моҳи январи соли 2022 Евгений Муллоқандов, ки то синфи даҳум дар ҳамин муассиса таҳсилу онро хатм кардааст, ба мактаб ташриф овард. Баъди ошноӣ бо муҳити муассиса 30 комютер, ду доскаи электронӣ, барои ду синф дару тиреза, панҷараҳои оҳанӣ ва мизу курсӣ овард. Боз пурсид, ки чӣ камбудӣ доред дар муассиса? Гуфтем, ки бо сабаби зиёд шудани биноҳои баландошёнаву афзудани аҳолӣ, синфхонаҳо намерасанд. Баъдан, хатмкардаи муассиса Евгений Муллоқандов тасмим гирифт, ки дар ҳавлии муассиса як бинои иловагӣ сохта диҳад,- афзуд З. Ниматова.

Ба гуфтаи мавсуф, аллакай то 1-уми сентябри соли 2022 ҳама синфхонаҳои бинои иловагӣ омода карда шуда, бино санаи 10-уми ноябри ҳамон сол бо иштироки Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудааст.

— 13 синфхона, 3 утоқи корӣ, 6 ҳоҷатхона пурра омода гардиданд. Дар ҳамаи синфхонаҳо мизу курсӣ ва дигар шароит фароҳам оварда шуд. Ҳамаи ин шароит бо сарпарастии худи соҳибкор, хатмкардаи муассиса Муллоқандов муҳайё гардид, ки мо — кулли омӯзгорон, падару модарон, хонандагон аз ӯ миннатдорем. Ҳамаи мо бениҳоят хурсанд шудем,- гуфт хонум Ниматова.

Тавре ҳамсуҳбатамон иттилоъ дод, соҳибкор Евгений Муллоқандов инчунин тасмим гирифтааст, ки дар паси бинои муассиса барои 200 нафар китобхона месозад ва дар баъзе самтҳои дигар низ кумак мерасонад: “Ошхонаи мо хурд аст, 30-50 одам ҷой мегиранд. Соҳибкор барои сохтани он, инчунин қасри теннис, толори варзиш, таъмири варзишгоҳ низ тасмим гирифтааст”.

Мушоҳида гардид, ки дар 13 синфхонаи бинои иловагӣ синфҳои забони русию тоҷикӣ, синфҳои аз 1 то 4 ҷойгир карда шудаанд. Кабинети фаннӣ, синфхонаи лингафонӣ, кабинети таълими меҳнати духтарҳо низ таъмин шудааст.

Зарина Ниматова меафзояд, ки баъди ба истифода дода шудани бинои иловагӣ дигар мушкилоти ҷиддие надоранд: “Дар масъалаи ҳамон китобхонаю ошхонаи муассиса ва варзишгоҳ каме мушкилот дорем. Дигар ҷойи нишаст бо пуррагӣ таъмин аст. Синфхонаҳои кушоду барҳаво, замонавӣ, ҳатто соҳибкор мизу курсиҳоро худаш оварда таъмин кард”.

Мавсуф мегӯяд, ки “муассиса китобхона дорад, аммо он хурд аст. Чунки хонандагон зиёданд. Аз мавзеи ҳайкали “Модар” то беморхона, ин тараф то мактаби 41 ҳамааш ба зиммаи мост. Мо вазифадорем, ки хонандагонро аз маҳаллаи худмон — кӯчаи Хуросон қабул ва бо ҷойи нишаст таъмин кунем”.

Чун ҳоло фасли сармои зимистон аст, аз директори муассиса оид ба шароитҳои зимистонгузаронӣ пурсон мешавем. Дар посух мегӯяд: “Дегхона дорем. Ду печка шабу рӯз кор мекунанд. Ҳам дар бинои нав ва ҳам дар бинои куҳна ҳама системаҳои гармидиҳӣ кор мекунанд. Дегхонаҳои барқӣ аз тарафи СММ сохтаву ба мо барои истифода дода шудаанд. Барои бинои нав хатмкардаи муассиса Евгений Муллоқандов 13 кондитсионер туҳфа кард”.

Бояд гуфт, дар МТМУ №3 ба номи В. Терешкова, ки яке аз муассисаҳои пуриқтидор дар шаҳри Ваҳдат аст, таълим асосан бо забонҳои тоҷикиву русӣ ба роҳ монда шуда, 82 нафар омӯзгорон фаъолияти пурсамар доранд.

Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *