Заринаи Тағоймурод Талабшоро мағлуб мекунад?
Хонандагони азиз, рақобат байни ровиёни шабакаҳои гуногуни радиову телевизион дар озмуни “Ягона аз даҳгона” бисёр пуршиддат идома дорад. Ин ҳафта ҳаводорони ровии радиёи “Имрӯз” Заринаи Тағоймурод хеле фаъол буданд. Дар як муддати кӯтоҳ ба ҷонибдории Зарина 1568 лайк ирсол намуда, онҳо ҳама муштариёни сомонаро дар ҳайрат гузоштанд. Яке аз мухлисони Заррина аз ноҳияи дурдасти Рашт ба идораи мо занг зада, иддао намуд, ки то рӯзе ӯ ва дигар ҳаводорони ин бонуи ширинсадо зиндаанд, намегузоранд, ки Заррина мағлуб шавад. Ин даъвои мухлиси Заррина дар ҳолест, ки ҳаводорони ровии машҳури телевизион Талабшо Муқимов азм доранд бо овоздиҳии фаъолонаашон ӯро дар озмун ғолиб бигардонанд.
Рақобат байни Талабшо Муқимов ва Зарринаи Тағоймурод бисёр шадид буда, шумораи овозҳояшон қариб баробар аст. Айни замон Заррина 1568, Талабшо бошад, 1562 овоз дорад. Ғолибият насиби кӣ мешавад, инро танҳо вақт нишон медиҳад, вале…
Шунавандагони радиои “Ховар” ва тамошобинони “Шабакаи аввал”-и телевизион дар хоби гарон мондаанд. Далели равшани ин гуфтаҳо шумораи хеле ками лайкҳо ба ҷонибдории ровиёни ин шабакаҳост. Бахтовар Бобоҷонов, яке аз ровиёни хеле хуби “Шабакаи аввал” ба шумор меравад, вале то имрӯз ӯ танҳо 320 лайк гирифтааст, Фариддуни Хайруллозода ва Файзалии Ниёз бошанд 226-266-тогӣ овоз доранду халос.
Рақобати шабакаҳои радиоии “Ватан” ва “Азия-плюс” шадид аст. Беҳрӯз Насриддинов дар ин озмун “Азия-плюс”-ро намояндагӣ мекунад ва аллакай 433 овоз гирифтааст, ровии машҳури радиои “Ватан” Субҳони Ҷалил бошад, бо ҳазлу шӯхиҳои намакинаш ҳамаро қоил карда, 403 лайк гирифтааст. Ба ҷонибдории Дурахшони Ортиқ 290 кас лайк гузоштаанд, Мубориз Усмонов бошад 305 лайк дорад. Шумораи ҷонибдорони Орзу Исоев ба 383 нафар расидааст, вале ҳар лаҳза вазъият метавонад тағйир ёфта, ҷойи ровиён дар ҷадвали озмун иваз шавад.
Дар баробари лайк гузоштан бархе аз ҳаводорони ровиён дар сомона андешаҳояшонро навиштаанд. Инак, мо чанде аз ин меҳрномаҳоро пешкаши шумо, хонандагони азиз мегардонем.
Мухлиси радио:
Дар ин озмун ҳамаашон хубанд, аммо зеби ин ҷоиза «З А Р И Н А».
Ман почти барномаҳои ҳамашона тамошо ва гӯш мекунм, ҳамаш ба худ обу рӯ доранд ва ҳар кучо бошанд, саломат бошанд, лекин беҳтариншон ҳами Заринаҷонай!
Мухлис:
Зарина! Ҳамеша чун зар ҷилодору воломақом бошед! Аз Худо сарбаландию бедардии шуморо металабам. Омин!
Нишона, мухлиси сайти “Тajikistantimes.tj”
Мо бо барномаи “Соати тиллоӣ”-и шумо зиндаем, бигзор соатҳои мо бо шумо боз ҳам тиллотар гарданд.
Дар намозам хами абрӯи ту бар ёд омад.
Дуо мекунам, ки дар ҳамин озмун ЗАРИНА ғолиб ояд.
Наргисбону:
Талабшо барин одам рӯйи дунёда дар 40-сол як бор таваллуд мешавад. Худо умраша дароз гардонад!
Салоҳ:
Ҳамаашон беҳтаринанд, агар беҳтарин намебуданд, дар ин даҳгона шомил намешуданд. Аммо озмун озмун аст, бояд аз байни беҳтаринҳо беҳтарина интихоб кунем ва ин бе ягон шаку шубҳа Субҳон Ҷалилов ва Дурахшони Ортиқ аст.
Гулбарг:
Барои ман муҳим нест он нафареро, ки барояш овоз медиҳам, куҷоҳоро дидаасту чӣ молу чӣ дороие дорад. Муҳим он аст, ин журналист тавонистааст маро тасхир созад. Бо мавзӯъҳои пешниҳодкардааш, бо сару либосаш, бо лаҳни хушу садои гӯшнавозаш. Аҳсант мегӯям ба Орзу Исоев!!!! Арзандаӣ!!!! Ҳалолат бод!
Мухлис:
Ман боре аз тамошои як барномаи Талабшо ҷабр дидаму зарар. Маҳви тамошои барномааш шудаму дегам сӯхт ва аз шавҳар носазо шунидам. Ба ҷонибдории Талабшо овоз медиҳам.
Салим:
Ягона одаме, ки ай ҳичи натарсид, чанд сол мешад, ки барномаша 5 соат ШАБОНА мегзарона Фаридунай. Ма Фаридунда овоз метийм. Зинда бошӣ, брат!
Ашаддитарин мухлисат
Ҳама беҳтаринанд, аммо интихоб беҳтарин нест. Бинед дар расм ҳар кадоми онҳо бо як виқори фахрфурӯшӣ қарор доранд, ки ин ҳолат дар барномаҳояшонам ҳувайдост. Заринабону бо як хоксорию иффати тоҷикона, лаҳни ширину чеҳраи тоҷикона фарқ дорад . Заринаҷон зиндагию эҷодат аз зар бод!
Нигинаи Рофеъ:
Бахтовар Бобоҷонов: Сарбаландӣ, гар бихоҳӣ, бо ҳама якранг бош,
Қолин аз серангии худ зери по уфтодааст.
Ту беҳтарин ва соҳиби ҷоизаҳоӣ, Бахтоварҷон!
Рустами Азим
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ