Заршӯӣ дар соҳили Панҷ. Чаро Толибон иҷозат доранду тоҷикон не?
Давоми 3 соли охир дар Тоҷикистон ба 7 ҳазор шаҳрванд иҷозат дода шудааст, ки мустақилона ба истихроҷи тиллою канданиҳои фоиданок машғул шаванд. Дар ин бора Вазорати молияи Тоҷикистон — ниҳоди масъули додани иҷозатномаҳо ба шаҳрвандони кишвар барои заршӯӣ хабар медиҳад.
30 нуқтаи хариди тилло дар кишвар
Вазорати молия ҳамчунин хабар медиҳад, ки дар минтақаҳои кишвар наздики 30 нуқтаи хариди тилло ташкил карда шудааст, ки аз шаҳрвандон бемаҳдудият тиллои ёфтаашонро мехарад.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданок бо усули худфаъолӣ ва худбиёриро моҳи ноябри соли 2019 имзо карда буд.
Ҳамин тариқ, Ҳукумати Тоҷикистон ба шаҳрвандон иҷозат дод, ки бо гирифтани иҷозатнома аз Вазорати молия мустақилона металлҳои ранга ва қимматбаҳо, сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо истихроҷ кунанд.
Саридораи геологияи тоҷик эълон дошт, ки даҳҳо қитъаро мушаххас кардааст, ки дар он ҷойҳо шаҳрвандон метавонанд ба заршӯӣ машғул гарданд. Аз ҷумла чунин минтақаҳо дар шаҳру навоҳии Айнӣ, Бохтар, Ванҷ, Дарвоз, Дӯстӣ, Лахш, Куҳистони Мастчоҳ, Муъминобод ва Мурғоб мушаххас шудаанд.
Дар зимн Саридораи геологияи Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки барои фаъолияти фардии тиллошӯӣ баъзе талабот ҷорӣ карда шудааст, ки бояд риоя гарданд. Аз ҷумла техникаи истифодашаванда набояд аз 50 қувваи асп зиёд бошад.
Чаро иҷозатнома нест?
Пас аз нашри ин омор дар байни заршӯёни вилояти Хатлон суоле пайдо шуд, ки чаро онҳо наметавонанд дар соҳили рӯдхонаи Панҷ заршӯйӣ кунанд?
Самариддин Шамсов — сокини ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, ки чанд маротиба барои гирифтани иҷозатнома талош кард, вале даводаваш натиҷа надод: “Ба ман мегӯянд, ки вазъ дар сарҳад ором нест, бинобар ин, иҷозатнома дода наметавонанд. Ҳол он ки, афғонҳо аз он тарафи дарё тилло мешӯянд. Чаро ба онҳо иҷозат будаасту ба мо не?”.
Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки дар соҳили рӯди Панҷ, аз тарафи Афғонистон, садҳо нафар ҳар рӯз машғули заршӯйӣ ҳастанд. Толибон ба мардуми камбизоати онҷо иҷоза додаанд, ки зар биёбанду зиндагиашонро пеш баранд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ки ба сокинони ин тарафи сарҳад ба заршӯӣ дар соҳили Панҷ иҷоза медиҳад, вале ҳанӯз қароре набаровардааст.
Баъди ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон аз вилояти Бадахшони он кишвар гирифта то Тахор нуқтаҳои нави заршӯйӣ пайдо шудаанд. Онҳо аз техникаҳои гуногун истифода мекунанд. Баъзе аз сокинони шимоли Афғонистон мегӯянд, ки зиндагияшонро ба заршӯйӣ ва дарёфти сангҳои гаронбаҳо мегузаронанд, аммо миқдори он маълум нест.
Сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон ин вазъро мебинанду мехоҳанд аз имкони тиллоёбӣ дар дарёи Панҷ истифода кунанд, вале иҷоза надоранд.
Аз МИҲД-и ноҳияи Ҳамадонӣ ин маҳдудиятро шарҳ надоданд.
Вале масъалаи тиллоёбӣ дар дарёи Панҷ охири соли 2021 дар ҷаласаи солонаи Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шуд. Мақомот мегӯянд, ки масъала ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.
Шояд Вазорати молия ва мақомоти дахлдор ба ин суол посух мегӯянд?
Диловар ҚОДИРПУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ