Зарурати расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон баррасӣ шуд
17-уми феврали соли 2022 мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо Мартин Гриффитс, муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои башардӯстона доир гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии кишвар, зимни мулоқот масъалаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстона (OCHA) қарор гирифтааст.
— Ҷонибҳо инчунин дар хусуси вазъи башардӯстона дар Афғонистон мубодилаи афкор намуда, ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон, ки дучори буҳрони мудҳиши башардӯстона гардидаанд, таъкид карданд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ