Завқӣ Завқизода: Боло рафтани нархи шир ба мавсим вобаста аст
Нархи маҳсулоти кишоварзӣ тайи моҳҳои охир баланд гардид, ки ин боиси норозигии аксари аҳолӣ шуд. Ин дар ҳолест, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо зимни нишасти матбуотӣ аз афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ хабар дод.
Бино ба иттилои вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқизода Завқӣ Амин, дар соли 2022 истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо 24,6% афзоиш ёфта, ба 2968,8 тонна баробар гардидааст. Дар баробари ин, вазир аз истеҳсоли 1 млн 212 ҳазор тонна шир хабар дод, ки нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Бояд гуфӣ, ки айнӣ замон нархи як литр шир дар шаҳри Душанбе ба 9 сомонӣ баробар аст, ки ду моҳ пеш онро метавонистӣ бо нархи шаш сомонӣ харидорӣ намоӣ.
Дар ҳамин ҳол, вазири рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, ки сабаби боло рафтани нархи шир ба мавсим вобастагӣ дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ