Завқӣ Завқизода: Истифодабарандагони смартфон ба 5 млрд расид
Дар даҳ соли охир суръати рушди иқтисоди рақамӣ нисбат ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи иқтисоди рақамӣ ба ҳисоби миёна беш аз 15 фоизи ММД-и глобалиро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда барои кишварҳои алоҳида то 40 фоиз ба мушоҳида мерасад.
Дар ин бора, 25 ноябр Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ дар аввалин Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» иброз дошт.
Форуми мазкур бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда истодааст. Ба таъкиди вазир, ҳаҷми умумии тиҷорати электронӣ дар ҷаҳон аз 17 трлн. доллар дар соли 2016 то 27 трлн. доллар дар соли 2022 ё 1,6 маротиба афзоиш ёфтааст.
Инчунин, истифодабарандагони смартфонҳо аз 1 млрд. адади соли 2014 то 5 млрд. адади соли 2024 ё 5 маротиба зиёд шудааст.
Завқизода Завқӣ вобаста ба саҳми рушди иқтисоди рақамӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон, ҳадафу афзалиятҳо ва дастовардҳои Ҳукумати кишвар дар самти рақамигардонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ибрози андеша намуда, қайд кард, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт корҳои муҳим иҷро карда шуданд.
Аз ҷумла, Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва тағйиру иловаҳо ба беш аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ