Завқӣ ЗАВҚИЗОДА, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон
Зиндагинома. Завқӣ Завқизода соли 1972 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1995 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси “Баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ” бо баҳои аъло хатм кардааст. Соли 2001 дар Донишгоҳи миллии Австралия ба дарёфти унвони магистр оид ба рушди иқтисодӣ ва соли 2006 дар ҳамин донишгоҳ ба гирифтани унвони доктори улуми иқтисодӣ ноил шудааст.
Фаъолияти меҳнатӣ. Завқӣ Завқизода дар соҳаи иқтисод ва умури бонкӣ таҷрибаи васеи корӣ дорад. Фаъолияташро соли 1995 дар Бонки миллии Тоҷикистон оғоз карда, то соли 2003 ба ҳайси иқтисодчии дараҷаи аввали шуъбаи таҳлили иқтисодӣ ва тарҳрезӣ, сариқтисодчии шуъбаи қарздиҳӣ ва сардори шуъбаи қарздиҳии Раёсати амалисозии сиёсати пулӣ (монетарӣ) кор кардааст.
Давоми солҳои 2003-2006 дар докторантураи Донишгоҳи миллии Австралия таҳсил намудааст. Ҳамзамон, тӯли солҳои 2004-2005 ба сифати омӯзгори фанҳои молиявӣ-иқтисодӣ бо забони англисӣ дар Донишгоҳи мазкур кор кардааст.
Соли 2006 ба ҳайси муовини сардори Раёсати амалиёт дар бозори кушоди Бонки миллии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Соли 2007 Завқизода намояндаи Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор ва Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ таъин шуд. Ҳамзамон вазифаи мушовири мудирони иҷроияи ин ду ниҳоди бонуфузи молии байналмилалиро иҷро мекард.
Солҳои 2011-2014 дар вазифаи роҳбари котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ машғули кор буд.
Соли 2014 раисҷумҳур ӯро ба вазифаи сармушовири дастгоҳи ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили иқтисодӣ таъин кард.
Аз моҳи октябри соли 2017 Завқизода дар вазифаи муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон кор мекард. 24-уми январ бо фармони Президенти кишвар вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таъин шуд.
Унвони илмӣ. Доктори улуми иқтисодӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ