Завқизода дар Женева: 98%-и барқи Тоҷикистон “энергияи сабз” аст
14 март вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ дар қисмати ҷамъбастии Форуми сатҳи баланд вобаста ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иштирок ва суханронӣ намуд.
Форуми мазкур бо ҳамоҳангсозии Комиссияи Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои минтақаи Аврупо (UNECE) дар шаҳри Женеваи Швейтсария бо иштироки 56 кишвари аъзои он ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд.
Завқизода Завқӣ дастовардҳои Тоҷикистонро оид ба иҷрои Ҳадафҳои рушди устувор муаррифӣ намуда, қайд кард, ки Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва рӯзи 21 март “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” якдилона қабул намуд.
Дар робита ба ин таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” барои солҳои 2023-2037-ро бомаром татбиқ дорад, ки айни замон 98 фоизи неруи барқи кишварро “энергияи сабз” ташкил мекунад.
Роҳбари ҳайати расмии кишвар қайд намуд, ки тибқи маълумоти Конфронси Савдо ва Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNCTAD) норасогии маблағҳо барои татбиқи пурраи ҲРУ ҳамасола ҳудуди 4 триллион доллар дар як солро ташкил медиҳад ва аз шарикони рушд ва кишварҳои донор ҷиҳати ҷудо намудани маблағҳои бештар ба мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ва камдаромад даъват ба амал овард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ