Зайнура Пулодова ба садама дучор шуд?

      Мегӯянд, ки сарояндаи машҳури кишвар дар
шоҳроҳи Хуҷанд-душанбе ба садама дучор шудааст?

Занги пуризтироб

Субҳ нав дари утоқи кориро кушода будам, ки садои занги телефон баланд шуд. Портфеламро рӯйи миз гузошта гӯширо бардоштам. Ба гӯшам садои пуризтироби занонае расид:

-Идораи “Оила” аст?
-Бале хоҳарҷон, чӣ шуморо ин қадар ба ташвиш овардааст, ки ҳатто салом доданро фаромӯш кардед?

-Мебахшед акаҷон. Як овозаро шунида хотирам сахт парешон гашт, аз ҳамин сабаб чӣ гуфтану чӣ кор карданамро намедонам.

-Тинҷӣ аст? Боз ягон касро куштанд ё касе худро ба дор овехтааст?

-Не, гап дар бораи куштор намеравад. Ин овоза ба яке аз сарояндагони машҳури кишварамон дахл дорад…

-Кӣ будааст он сароянда ва мардум дар борааш чиҳо мегӯянд?

-Мегӯянд, ки Зайнура Пӯлодова ба садама гирифтор шудааст ва дар кадом як беморхона беҳушу беёд хоб аст. Ман мухлиси ашаддии Зайнура ҳастаму ин хабарро шунида сахт ба ташвиш афтидам, аз ҳамин сабаб ба шумо занг зада истодаам, то ки ҳақиқатро фаҳмам.

-Хоҳарҷон, ростӣ, мо дар ин бора маълумот надорем, вале ман кӯшиш мекунам, ки бо наздикони Зайнурабону ҳамсуҳбат гашта, рост ё дурӯғ будани ин овозаро фаҳмам. Шумо шумораи навбатии “Оила”-ро интизор шавед, Худо хоҳад, ҳамаашро аниқ карда дар ин бора ҳатман менависем.

-Раҳмат акаҷон! Ман шумораи навбатиатонро бесаброна интизор мешавам!

Духтарак инро гуфта гӯширо монд. Саргарми суҳбат шуда, ман ҳатто пурсидани номи ин мухлиси Зайнура Пӯлодоваро фаромӯш кардам, зеро ин хабари нохуш маро ҳам ба изтироб афканда буд…

Дар ҷустуҷӯйи Зайнура
Барои муайян намудани ҳақиқат доштан ё надоштани ин овоза мо сараввал ба худи Зайнура занг задем, вале телефони дастии ин бонуи ҳунар хомӯш буд. Хавотир шуда ба бародари Зайнура, сипас боз ба чанд нафар бародарзодаю хешу табори наздикаш телефон кардем, то фаҳмем, ки ин санъаткори ҷавон дар куҷо ва дар кадом ҳолат аст. Ниҳоят пас аз ним рӯзи пурсуҷӯю кофтукобҳо ба мо муяссар гашт, ки Зайнура Пӯлодоваро пайдо намоем. Инак, мутаваҷҷеҳ бошед ба суҳбати мо бо ин хонуми ҳунарманд.

   

Аз муҳовара

-Салом! Зайнурабону ин шумоед?

-Бале, ман Зайнура Пӯлодова, вале шуморо нашинохтам.

-Ман Рустам Азимӣ, хабарнигори ҳафтаномаи “Оила”.

Салом Рустамҷон! Ман ҳар ҳафта нигоштаҳоятонро мехонам, вале интизор набудам, ки рӯзе бандаро меҷӯед. Магар ягон гап шудааст, ки маро аз тамоми хешу ақрабоям суроғ кардед?

Зайнурабону, шумо ҳатто тасаввур карда наметавонед, ки ман аз шунидани садоятон чӣ қадар хурсанд шудам.

-Дар бораи ман ягон овозаи нохуш шунидед-чӣ?

Ҳамин саҳар як мухлиси ашадиатон аз шаҳри Хуҷанд занг зад, дар он ҷо овоза паҳн шудааст, ки Зайнура Пӯлодова ба садама гирифтор шуда дар кадом як беморхона беҳушу беёд хоб аст…

  

Эй аз даҳонашон шамол барад! Шукри Худо, ман сиҳату саломат ва аз паси ташвишҳои зиндагиам ҳастам.

-Ташвишҳои зиндагӣ гуфтеду як чиз ба ёдам расид. Пештар овоза паҳн гашта буд, ки як ҷавони 20-сола ба Зайнура Пӯлодова сахт ошиқ шудааст. Мабодо дар тараддуди тӯйи арӯсӣ набошед…?

-Ман суруде дорам, ки як мисрааш “Ошиқ шудам ба бачаи 20 –сола” аст. Ба фикрам мухлисон ҳамин сурудро шунида, гумон кардаанд, ки ман ба кадом як бачаи ҷавон ошиқ шудаам.

-Ин овозаҳо шуморо ба ғазаб намеоранд?

-Бигзор гуфтан гиранд, баногоҳ фариштаҳои даргузар омин гӯянд, рӯзе домоди 20-сола ҳам пайдо мешудагист! (Механдад)

-Зайнурабону, биёед аз овозаҳо ба ҳаёти реалӣ гузарем. Ман дар кадом як сомонаи интернетӣ акси шуморо бо як варзишгари ҷавону зебои рустамбозу дидам. Агар махфӣ набошад, бигӯед, ки он ҷавон кист ва шумо бо ӯ чӣ муносибат доред?

-Рустамҷон, маро натарсонед! Илтимос, агар ҳамон аксро дошта бошед, илтимос, ба ман фиристед, то бубинам, ки он варзишгар кист ва чаро бе розигии ман акси ҳамроҳ гирифтаамонро дар интернет паҳн кардааст. Одатан дар ҷашну маҳфилҳо мухлисонам аз ман хоҳиш мекунанд, ки ҳамроҳашон акс бигирам. Ба хотири наранҷонидани хотири мухлисонам розигӣ медиҳам. Шахси аксро дар интернет ҷойкарда шояд аз зумраи ҳамон мухлисон бошад…

                    

Боз ман хурсанд шудам, ки Зайнура дар симои ин ҷавони варзишгар бахташро ёфтааст?

-Ман бахтамро қариб ёфтам, вале дар симои варзишгар не…

-Канӣ зудтар бигӯед, кист он ҷавонмарди хушбахте, ки дили чунин зебосанамро ба даст овардааст ва кай оши тӯйро мехӯрем?

Шумо журналистон чунон бало, ки бо ширинзабонӣ одамро ба гап дароварда, дар як дам тамоми сирру асрорашро мекушоед-а?! (механдад) Ба умед нашавед, дигар сирҳоямро кушоям ҳам, ман то рӯзи тӯй ин сирро намекушоям. Бигзор сюрприз шавад!

-Мабодо баъди тӯй домодтӯра “занак, минбаъд поятро аз дарвоза ба берун намегузорӣ” гӯяд, чӣ кор мекунед?

-Сари фарзандонамро падарвор сила кунад ва тамоми шароитҳои зиндагиро бароям фароҳам орад, аз хати кашидааш намебароям. Тарки саҳна кун гӯяд, дигар ба саҳна намебарояму поятро аз дарвоза берун нагузор гӯяд, намегузорам…

            

-Ҳеҷ гумон надоштам, ки чунин духтари мағрур то ҳамин дараҷа дидадаро бошад….

Барои зан дар зиндагӣ бахт аз ҳама чиз ширинтар аст. Ба хотири бахт ман тайёрам, ки ҳама чизро қурбон сохта, тарки саҳна намоям.

-Мо дуо мекунем, ки домодтӯра ҳеҷ гоҳ Зайнурабонуро ба тарки саҳна намудан маҷбур насозад, чунки худованд ба шумо лутф карда, садои дилнишине ҳадя намудааст, ки марҳами доғи ошиқон аст.  

Аз илтифотатон сипосгузорам.

-Зайнурабону, шумо дар сурудани таронаҳои ҳиндӣ ҳамто надоред. Сабки ҳиндиро аз куҷо омӯхтед?

-Ман ду сол дар сафоратхонаи Ҳиндустон нозукиҳои вакали ҳиндиро омӯхта будам, ба ғайр аз ин, ду маротиба ба кишвари афсонавии Ҳиндустон сафар карда, забони ҳиндиро аз худ намудам.  Маънии калимаҳои ҳиндиро хуб медонам, шояд аз ҳамин сабаб таронаҳои ҳиндиам гӯшнавоз мебароянд.

-Ду маротиба ба Ҳиндустон сафар доштам мегӯед, ин тавр бошад, чаро мисли дигар сарояндаҳои тоҷик сурудҳоятонро дар хориҷи кишвар клип намекунед?

-Тоҷикистони худамон мисли биҳишт сабзу хурам аст, чӣ ҳоҷат, ки пули калон сарф намуда дар хориҷа клип сабт кунам? Сурудҳоямро дар Ватан наворбардорӣ менамоям, то хориҷиён сурудҳои бандаро тариқи моҳвора тамошо карда, бубинанд, ки Тоҷикистон чӣ қадар кишвари афсонавию зебоест.

Фарзандонатон ҳам мисли худатон ошиқи Тоҷикистонанд ё мисли баъзе ҷавонони замонавӣ орзуи дар Олмону Амрико зистанро доранд?

Духтарҳоям Сомиа ва Сония фариштаҳои ман ҳастанд ва айнан ба модарашон рафта, Тоҷикистонро аз ҷонашон бештар дӯст медоранд

            

-Дар интихоби либос фикри духтарҳоятонро ба назар мегиред?

Зиндагӣ бе ду гулдухтарам барои ман маънӣ надорад, вале дар интихоби либос ба волидонам такя мекунам.

-Чаро?

-Духтарҳоям ҳанӯз хеле ҷавонанд ва ба нозукиҳои психологияи миллӣ сарфаҳм намераванд, волидонам бошанд, баду неки зиндагиро фаровон дидаанд. Бештар либоси миллӣ мепӯшам, то сақичи даҳони мардум нашавам. Намехоҳам пои урён ё либоси танги ман боиси гапу хабар ва ҳангомаи мардум гашта, обрӯи пайвандонам бирезад.

-Либосҳои шумо миллӣ бошанд ҳам, хеле хушдӯхт ва шинаму зебоянд. Тарроҳи либосатон кист?  

-Либосҳои маро дӯсти наздик ва бародари қадрдонам Умедҷон Неъматов медӯзанд. Он кас мард бошанд ҳам, дастони тиллоӣ доранд.

-Аксари сарояндаҳо аллакай 2-3-тогӣ хонаю мошин хариданд, шумо бошед, то ҳол иҷора мешинед. Наход дар чанд соли сарояндагиатон то ҳол пули як хонаро ҷамъ накарда бошед?  

Бо пули тӯй хона хариданро ҳатто фикр накардаам, чунки ин кори номумкин аст.

-Дигарон мехаранд-ку?

-Дигарон “заказ” гирифта худашон маҳфилҳоро мегузаронанд, ман бошам танҳо ба табрики дӯстони наздикам рафта, ду-се суруди табрикотӣ мехонаму халос.

-Аксари бонувони ҳунарманд аз рашк ҳамдигарро тоби дидан надоранд, вале Зайнураю Моҳираву Ғизол мисли се апаю хоҳари меҳрубон дар ҳама ҷо якҷоя ҳастанд. Шуморо дида ман беихтиёр филми ҳиндии “Се мушкетёр”-ро ба ёд меорам. Сирри муҳаббату дугонагиатон дар чист?

Ин ҷо ягон сирру асрори ниҳон нест. Мо дӯстии беғараз ва содиқона дорем. Ҳар гоҳ Ғизолҷон меҳмони сарзамини мо мешавад, ману Моҳираҷон кӯшиш мекунем, ки дугонаи азизамонро ягон лаҳза танҳо нагузошта ба тамошои беҳтарин ҷойҳои Тоҷикистон барем.

Шумо як дугонаи ҷонии дигар ҳам доштед, вале вақтҳои охир ӯро ҳамроҳатон намебинем...

-Шабнами Тоҷиддинро дар назар доред?

-Бале.

-Ману Шабнамҷон на танҳо дӯсту дугона, балки миси апаву хоҳар бо ҳамдигар қарин ҳастем, вале Шабнам дубора ба шавҳар баромаду ҳамсараш ба саҳна баромаданро ба ӯ манъ кард. Сабаби камнамо гаштанаш ҳамин аст. Акнун вай зани шавҳардор аст ва наметавонад бо майли худ ҳамроҳи мо ба маҳфилҳо равад.

Дар маҳфилҳо шумо шароб менӯшед?

-Астағфуриллоҳ гӯед, Рустамҷон! Ман то имрӯз шаробро ба даҳонам набурдаам.

-Шунидем, ки хонумҳои сароянда гаштак доранд ва ҳафтае як маротиба меҳмони ҳамдигар гашта, шабро бо сурудхонию рақсу бозӣ саҳар мекунанд…?

ар ҳафта не, танҳо дар ҷашну хурсандиҳо ба хонаи ҳамдигар меҳмон шуда, хурсандӣ мекунем

               

-Мухлисонатон ташнаи садои шумо ҳастанд. Кай барояшон консерт медиҳед?

-Сурудҳоям тайёранд, вале спонсор надорам, ҳамин ки ягон сарпарасти хуб пайдо шуд, албатта барояшон консерт медиҳам.

Зайнурабону, агар ҳаводоронатон шуморо ба озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” пешбарӣ намоянд, иштирок мекунед?

-Албатта! Хурсанд мешавам, агар ҳунари маро қадр намуда ба чунин озмуни баландпоя пешбарӣ намоянд ва бо дастгирии мухлисонам дастболо шавам.

-Муваффақ бошед!

Суҳбаторо: Рустам Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *