Ӯзбакистон: дигар бо тор суруд нахонед!

Дар Узбакистон истифода аз тор, як сози мусиқии қадимиро мамнӯъ кардаанд, зеро ба қавли мақомот, тор асбоби мусиқии миллии мардуми он кишвар нест. Дастури шифоҳӣ барои истифода набурдани тор дар барномаҳои телевизионӣ ва ё оҳангҳо аз “боло” содир шуда будаастаст.

Далели манъи навохтани тор, ба гуфтаи хабарнигорони узбак,  ҳанӯз аз консерт барои меҳмонони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки ду моҳи қабл баргузор шуда буд, дида мешуд. Бародарон Эшоновҳо, ки аслашон аз Хоразм буда, умдатан бо тор месароиданд, дар консерти мазкур бе тор ҳунарнамоӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати фарҳанги Узбакистон иддао дар бораи маъни истифодаи торро рад мекунанд. Як мақоми ин вазорат ба хабарнигорон гуфтааст, касе навохтани торро мамнӯъ накардааст ва ҳар кас хоҳад, метавонад истифода барад. Вале, ба гуфтаи ин мақом, онҳо бояд бидонанд, ки тор сози милли узбакӣ набуда, аз озарбойҷониҳост.

Тавре маълум, озарбойҷониҳо торро сози мусиқии худашон медонанд, вале мардуми форс мегӯянд, ки торро ҳазорсолаҳо пеш онҳо офаридаанд. Ин асбоби мусиқӣ аз ҳар ҷое, ки набошад, ба ақидаи мақомоти Узбакистон, аз онҳо нест, пас набояд дар телевизионҳо дида шавад. Ҳоҷӣ Акбар Ҳамидов, овозхони мардумии Узбакистон мегӯяд, маъни навохтани ин соз кори нодуруст аст.

“Мумкин аст, дастур барои маъни навохтани торро як ду миллатгаро дода бошад. Ин сози мусиқиро солҳост, ки ҳунармандони мо менавозанд. Дар Узбакистон торро ҳазорон санъаткор навохтааст. Мо набояд созҳои мусиқиро ҷудо кунем, ки ба ин ё он қавм тааллуқ дорад,” – гуфтааст Ҳоҷӣ Акбар Ҳамидов.

Вале тор танҳо сози мусиқие нест, ки дар Узбакистон онро ғайримиллӣ гуфта, аз телевизионҳо дур карда бошанд. Аккордион ҳам ба феҳристи созҳои хориҷӣ ва ғайриузбакӣ афтодааст ва дар телевизионҳо дида намешавад. Ин сози мусиқиро мисли тор ҳар кас метавонад дар хона, дар маҳфилҳо навозад. Аммо дар консертҳое, ки дар телевизион намоиш дода мешаванд, тору аккордион набояд бошад.

Маълум нест, чӣ гуна мақомоти Узбакистон дастури навохтани созҳои миллиро ҳаматарафа амалӣ мекунанд ва меъёри оҳангу мусиқиҳои миллии узбакӣ ҳам маълум нест. Вале дастури навро як талоши дигари ҳукумати Узбакистон барои офаридани ҳуввияти миллӣ ва фарқ кардан аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ ва бахусус Русия медонанд.

Ҳукумати Узбакистон дар гузашта дастур додааст, ки либосҳо ва рафтору шеваи истироҳат ҳам миллӣ бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *